«Соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ дар таҳрири нав»-семинари омӯзишӣ барои кормандони гумрук
ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани шароити боз ҳам мусоид барои рушди савдои хориҷӣ ва додани имтиёзҳо ба соҳибкорон, ки ба воридоти молу маҳсулот машғул мебошанд, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ» аз 1 октябри соли 2015 ба Конвенсияи мазкур ҳамроҳ гардидааст.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади дар амал татбиқ намудани муқаррароти Конвенсияи мазкур, бо дастгирӣ ва ҳамоҳангии Созмони умумиҷаҳонии гумрук дар Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомоти гумрук ва мутахассиси Созмони умумиҷаҳонии гумрук семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Мақсади семинар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи хизматрасонии кормандони соҳаи гумрук арзёбӣ гардида, дар интиҳо ба иштирокчиён дар бораи хатми бомуваффақияти омӯзиши Конвенсияи байналмилалӣ «Оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ дар таҳрири нав» сертификат супорида шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






