Татбиқи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Япония муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар чаҳорчӯби нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Япония Нобуо Киши баргузор гардид.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар, аз ҷумла татбиқи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Япония Синдзо Абэ, ки соли 2015 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, муҳокима шуданд.
Зарурати роҳандозии ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония зикр гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки доир гардидани нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ мусоидат намуда, марҳилаи навро дар густариши минбаъдаи он фароҳам хоҳад овард.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






