Тоҷикистон ба харитаи адабии ҷаҳон шомил шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи бритониёии «The Independent» харитаи адабии ҷаҳонро пешниҳод намуд, ки дар он 197 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон низ зикр гардидаанд. Дар ин харита ҳар кадоме аз кишварҳо бо асари бадеӣ муаррифӣ шудаанд, ки ба хонандагон ҷиҳати шиносоӣ бо зиндагиву фарҳанги ин давлат имкон медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистон дар харита бо китоби Андрей Волос «Хуррамабад» (Хуррамобод), кишварҳои ҳамсояи Қирғизистону Қазоқистон бо асарҳои Чингиз Айтматов — «Джамиля» (Ҷамила) ва «Дольше века длится день» (Рӯзи дарозтар аз қарн) муаррифӣ шудаанд. Аз Федератсияи Россия Лев Толстой бо асари «Война и мир» (Ҷанг ва сулҳ) пешниҳод шудааст.
«Хуррамобад» романи нависандаи рус Андрей Волос мебошад, ки соли 1955 дар Душанбе ба дунё омадааст. Роман соли 2000 дар Москва нашр шуда, маҷаллаи «Новый мир» муаллифро ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Россия пешниҳод намуд ва ин ҷоиза бо фармони Владимир Путин ба ӯ тақдим гардид.
Зимни эзоҳи роман муаллиф қайд мекунад, ки «Хуррамобад» шаҳри хушбахтӣ аз афсонаҳои форсӣ аст. Зери мафҳуми Хуррамобод шаҳри Душанбе дар назар буда, қаҳрамонони асар сокинони шаҳри Душанбе мебошанд.










Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






