Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориро тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 18.04.2017./НИАТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Малайзия тасмим гирифтаанд ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гунонун ривоҷ бахшанд. Дар ин бора Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Музаффар Муҳаммадӣ ва Вазири захираҳои табиӣ ва муҳити зисти Малайзия доктор Ҳоҷӣ Ван Ҷунайдӣ ибни Туанку Ҷаафар ибрози андеша намуданд. Мулоқоти онҳо имрӯз, 18 апрели 2017 дар пойтахти ин кишвар – шаҳри Путраҷай доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Майлайзия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ табодули назар карданд. Ҳамчунин масоили вобаста ба пайдо кардани роҳҳои рушди бештари ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои энергетика, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Бояд зикр намуд, ки масъалаҳои вобаста ба ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо байни ду кишвар, аз ҷумла ифтитоҳи бинои Сафорати Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз кардани он тобистони соли 2014 ҳангоми сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Малайзия, ки бо имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ анҷом пазируфт, матраҳ гардида буданд. Музаффар Муҳаммадӣ бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 18 майи соли 2016 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия таъйин шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия 25 сол пур шуд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






