Зи дониш бувад кори гетӣ ба соз

Апрель 29, 2017 10:42

ДУШАНБЕ, 29.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон 226 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҷиноят зиёд мебошад. Аз тарафи ноболиғон ҷиноятҳои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ ва дигар ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудааст.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №95-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе директори ин муассиса Ибодат Бозорова аз ҳамкории вазорат бо муассисаҳои таълимӣ миннатдорӣ изҳор намуда, гуфт, ки «таълиму тарбия ҳамкории густурдаи байни сохторҳоро талаб менамояд. Баҳри бештар намудани робита бо нозирони минтақавии милитсия дар муассисаи таълимии мо ҳуҷраи алоҳида ҷудо гардидааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ онҳо метавонанд барои раҳнамоии хуби насли наврас бо падару модарони мактаббачаҳо суҳбатҳои инфиродию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд».
Муовини сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ Ҷалолиддин Садриддинов дар бораи одобу ахлоқи ҳамида сухан ронда, вазъи ҷинояткориро дар байни наврасону ҷавонони ҷумҳурӣ таҳлил карда, афзуд, ки «ҳамкории мо дар ҷодаи таъмини ободиву суботи ҷумҳурӣ, пешгирии амалҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ дар оянда боз ҳам тақвият меёбад. Чунки таълиму тарбия, аз худ кардани донишу маърифат ва касбу ҳунар яке аз масъалаҳои асосии давлату миллат дар назди мактаббачагону донишҷӯёни макотиби олӣ ба ҳисоб меравад».
Ба андешаи ин мутахассиси мақомоти корҳои дохилӣ, содир гардидани ҷиноят ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи мактаббачагон ва ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз тарафи бархе аз падару модарон ва шахсони парастор ба ояндаю тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ зоҳир карда мешавад. Барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни толибилмони муассисаҳои таълимӣ на танҳо падару модар, омӯзгорон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, балки тамоми сокинони мамлакат бояд саҳм гузоранд.

Апрель 29, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ