18 нафар сокинони аз офати табиӣ зарардида соҳиби хонаҳои замонавӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба 18 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки баҳори соли 2014 бар асари боришоти зиёд манзилҳои истиқоматиашон вайрону валангор шуда буданд, хонаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба тамоми талаботи муосир супорида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар доданд, калиди ин манзилҳо дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Почохон Зарифзода ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид Ян Харф ба соҳибонашон тақдим гардид.
Муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов таъкид кард, ки ин иқдом бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Мавсуф ҳамчунин оид ба дастгириҳои бевоситаи давлату ҳукумат дар рушду инкишофи манотиқи вилояти Хатлон, махсусан ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ибрози андеша намуда, сокинони ин русто, махсусан онҳоеро, ки соҳиби хонаи нав гардиданд, баҳри саҳм гузоштан дар ободии Ватан даъват кард.








Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид






