Ҷаҳон Қурбонов ба нимфинали Чемпионати Осиё роҳ ёфт

Май 4, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 04.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов 3 май дар Чемпионати Осиё оид ба бокс дар пойтахти Ӯзбекистон шаҳри Тошканд дар вазни то 91 кило бар варзишгари покистонӣ Маҳмуд Саноуллоҳ бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд ва ба нимфинал баромад.
Ҷаҳон Қурбонов, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ кард. Ӯ дар нимфинал 5 май бо Сумит Сангван аз Индонезия, ки дар чорякфинал бар муштзани хитоӣ Фенкал Ю бо ҳисоби 4:1 дастболо шуд, барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан талош мекунад. Бояд гуфт, ки новобаста аз натиҷаи ин қувваозмоӣ варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ҳадди ақал медали биринҷии чемпионати Осиёро соҳиб мешавад.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев 3 май дар даври чорякфиналӣ аз муштзани Ӯзбекистон Бектемур Мелиқӯзиев шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт. Ба ин тартиб, дар Чемпионати бокси Осиё аз ҳашт муштзани тоҷик танҳо як нафар- Ҷаҳон Қурбонов муборизаро барои медалҳо идома медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Тошканд, ки бо ширкати 179 варзишгар аз 28 кишвар ҷараён дорад, 7 май ба поён мерасад. Варзишгарон ба ҷуз медалҳо барои роҳхатҳо ба Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки аз 25 август то 4 сентябр дар шаҳри Ҳамбурги Германия баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Май 4, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд