Қабули қонуни танзим пасандози шаҳрвандонро аз 25 то 30 фоиз афзоиш дод
ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Танзими расму оинҳо- рисолати азалии мардуми тоҷик» ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур кормандони Вазорат ва намояндагони зерсохтори он, инчунин намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Муслиҳиддин Хоҷамиров қабули ин қонуни миллиро яке аз тадбирҳои муҳим ва манфиатбахши ҷомеа дониста, зикр намуд, ки қабули қонун барои шаҳрвандони мо то ин дам дастовардҳои зиёд ва натиҷаҳои назаррасу мусбат доштааст.
Ба гуфтаи Муслиҳиддин Хоҷамиров, ҳадафи қонун гирифтани пеши роҳи харҷи зиёдатӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар ҳадафҳо мебошад. Омили асосие, ки сабаби қабули ин қонун гардид, ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳамчунин дархости зиёда аз 20 ҳазор шаҳрвандони мо сабаби қабули қонун гардид. «Мувофиқи оморе, ки Вазорату идораҳо ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ пешниҳод кардаанд, хароҷоти шаҳрвандони мо дар вақти баргузории маъракаҳо 3 маротиба кам гаштааст. Баъд аз қабули ин қонун ҳамасола пасандози шаҳрвандони мо аз 25 то 30 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи зиндагонии мардум хеле беҳбуд ёфтааст. Аз суҳбату вохӯриҳое, ки мо зимни сафарҳо дар ҳар минтақаи кишвар анҷом медиҳем ва мардум андешаҳои худро баён мекунанд, хулоса кардан мумкин аст, ки аҳолӣ аз қабули ин қонун зиёд хушнуд ҳастанд»,- афзуд дар идомаи суҳбат намояндаи Кумита.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






