Алимурод Исломзода: «Оби нӯшокие, ки ба аҳолии Тоҷикистон расонида мешавад, арзонтарин об дар ҷаҳон мебошад»
ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Душанбе роҷеъ ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бо ширкати намояндагии мақомоти тоҷик ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ Форуми минтақавии Аврупоӣ ва Осиёи Миёнагӣ оид ба ҳисоботдиҳанда будан ба ҷамъият дар бахши об аз ҷониби созмони бритониёии «Оксфам» ва Барномаи ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимурод Исломзода аз беҳтар гаштани сатҳу сифати таъмини аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ ҳарф зада, зикр кард, ки «агар ба омори таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ назар намоем, хушбахтона, сол то сол сифати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ боло меравад. Дар соли 2012 агар 42,6 фоизи аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ доштанд, ин миқдор дар соли 2013 ба 48,6% ва дар соли 2016 ба 57,6 фоиз расонида шуд».
Ба гуфтаи Алимурод Исломзода, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз ҷиҳати оби арзонтарин мавқеи аввалро ишғол мекунад. «Нархи арзиши як мукаабметр оби ошомидание, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, ҳамагӣ 88 дирам аст, ки ин арзонтарин об дар ҷаҳон мебошад. Мо кӯшиш мекунем, ки мардуми Тоҷикистонро боз ҳам беҳтар бо оби ошомиданӣ таъмин кунем»,- афзуд Тағоймурод Исломзода.
Бояд гуфт, ки форуми мазкур бо ширкати намояндагони даҳ кишвари дунё ду рӯзи дигар идома меёбад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






