Ҷамъбасти озмуни «Ҷумҳурият»: дар мақоми аввал – ходими адабии АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 26.05.2017./АМИТ «Ховар»/. Озмун бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, ки рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт аввали сол эълон карда буданд, ҷамъбаст гардид.
Тавре сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар озмун адибон, публисистон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. Тӯли чанд моҳ ба озмун қариб 70 мавод ворид шуд, ки аз онҳо 30 маводи беҳтарин дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ расиданд.
Ҳайати ҳакамон ҷои аввалро ба муаалифи маводи беҳтарин Шоири Ҳалқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло насиб донистанд. Ду ҷойи дуюмро сармутахассиси Шӯъбаи дини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим Мустафозода, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» Худойдод Зайниддин ва се ҷои сеюмро адибон Ато Ҳамдам, Нуралӣ Нурзод ва Умари Шерхон соҳиб гаштанд.
Ҳамчунин ба 5 нафар иштирокчиёни озмун ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои ҳавасмандкунӣ супорида шуданд.
Мукофотҳоро ба ғолибон сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ва раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода супориданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






