Ҷавонони тоҷик дар Пекин ба ифтихори Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъ омаданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 21 май ба муносибати Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ва бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон бо донишҷӯён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Пекин таҳсил мекунанд, вохӯрӣ доир намуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Чин ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҳам аз ҷониби роҳбарияту кормандони Сафорат ва ҳам аз ҷониби ҷавонон-донишҷӯёни тоҷик ифтихор доштан аз Ватан ва ҳимоя намудану содиқ будан ба он, расидан ба қадри таваҷҷуҳ ва ғамхории Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон, гиромӣ ва пос доштани сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои кишвар, илм омӯхтану касб гирифтан, саҳм гузоштан дар пешрафти давлат ва аз даст надодани ҳушёрию зиракӣ таъкид карда шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






