Баимзорасии қарордод оид ба корҳои сохтмониву соҳилмустаҳкамкунӣ миёни Агентии беҳдошти замин ва Маркази имдоди Арабистони Саудӣ
ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими баимзорасии қарордод байни Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Подшоҳ Салмон (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ) оид ба анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Қарордодро аз ҷониби Тоҷикистон муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Ғаффорзода ва аз ҷониби Арабистони Саудӣ Кордори сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Бадр ал-Утайбӣ ба имзо расониданд.
Ҳабибулло Маҳмадуллоев, сардори бахши сохтмон ва соҳилмустаҳкамкунии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки: «мувофиқи қарордоди баимзорасида дар масофаи 20 километри соҳили дарёи Панҷ (минтақаи ноҳияи Ҳамадонӣ) саддҳои муҳофизатӣ ва наздик ба 100 адад дандонасаддҳои оҳану бетонӣ сохта мешаванд. Ҳамчунин қад-қади сойи Чубек (ноҳияи Ҳамадонӣ) ба дарозии 2197 метр саддҳои муҳофизатӣ сохта шуда, тоза намудани маҷрои сой ба дарозии 764 метр амалӣ карда мешавад».
Барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Панҷ ва сойи Чубек Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Подшоҳ Салмон (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ) дар ҳаҷми 6 млн. 353 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо кард. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби 6 корхонаи ватанӣ- ширкатҳои «Оби деҳот», «Муҳаммад Амин», «Обрасон», «Глобал Строй Трединг», «Собир-Сам» ва «Низор» амалӣ карда мешаванд. Анҷом додани лоиҳа моҳи марти соли 2018 дар назар дошта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ва дорои обҳои саршор ҳамасола бо хатари селу обхезӣ дучор меояд. Тибқи иттилои Муассисаи обуҳавошиносии кишвар «дар давраи тирамоҳ-зимистони солҳои 2016-2017, хусусан дар моҳи январи соли равон қариб дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ боришоти зиёди барф ба қайд гирифта шуда, дар ҳавзаи дарёи Панҷ обнокии барф то 163 фоизи меъёри муқарраршударо ташкил дод».
Амалӣ намудани корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ барои аз хавфи селу оқибатҳои ногувори обхезӣ эмин нигоҳ доштани хоҷагии халқ, иншооти кишоварзӣ ва майдонҳои кишт равона карда шудааст.
А.САНГЗОДА









Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






