«Бозгашти ошно»: Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон меояд

Май 5, 2017 10:23

ДУШАНБЕ, 04.05.2017./НИАТ «Ховар»/. Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  продюсери консерт Марҳабо Азизӣ хабар дод.

Хабар дода мешавад, ки сарояндаи шинохтаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова  24 ва 25 май дар «Амфитеатр»-и шаҳри Душанбе барномаи нави консертии худро, ки «Баргашт» ном дорад, пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахти кишвари мо мегардонад. «Ориёнбонк» сарпарасти кули сафари ҳунарии Юлдуз Усмонова ба Тоҷикистон мебошад.

Масъалаи баргузории консертҳои Юлдуз Усмонова зимни ин сафари ҳунарии ӯ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Турсунзода низ баррасӣ мешаванд.

Хотиррасон менамоем, ки соли 2009 Юлдуз Усмонова ба Душанбе омада, ҳамроҳ бо сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Далер Назаров барномаи якҷояи консертиро пешниҳоди мухлисонашон гардонида буданд.

 Юлдуз Усмонова 12 декабри соли 1963 дар шаҳри Марғелони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба дунё омадааст. Ӯ ҳам сароянда, ҳам оҳангсоз, ҳам продюсер мебошад ва шеър ҳам менависад. Барномаи эҷодии ӯ беш аз 600 сурудро ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ(форсӣ), туркӣ, қазоқӣ, русӣ, ӯйғурӣ ва ғайра дарбар гирифта, дар зиёда аз 100 пластинка, CD DVD- дискҳо фароҳам омадаанд. Маҷмӯаҳои суруду таронаҳояш ба ҷуз Ӯзбекистон дар ИМА, Германия, Англия, Туркия ва Голландия чоп шудаанд. Ӯ Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон мебошад.

 

Май 5, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст