Дар Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2017» роҳандозӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 25 майи соли 2017 «Дар бораи гузаронидани амалиёти «Кӯкнор — 2017» ба тасвиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, қарори мазкур бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар шаҳри Душанбе нигаронида шудааст.
Тибқи қарори мазкур дар шаҳри Душанбе дар давраи аз 20 май то 30 ноябри соли 2017 амалиёти «Кӯкнор-2017» гузаронида шуда, бо мақсади таъмини роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2017» Ситоди шаҳрӣ таъсис дода шудааст.
Дар қарор ҳамчунин омадааст, ки Ситоди шаҳрӣ вазифадор аст, ки аз натиҷаи фаъолият ва тадбирҳои андешидашуда дар давраҳои якум ва дуюми амалиёт то 10 сентябр ва 10 декабри соли 2017 ба Раиси шаҳри Душанбе ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол намояд.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






