Дар Душанбе масъалаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шуд

Май 23, 2017 16:17

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.    Имрӯз, 23 май дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, конфронс дар доираи барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) доир ба муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ барои солҳои 2015-2019  ва дар арафаи 20-умин ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати давлатҳои узви ИДМ гузаронида шуд.

Дар кори конфронс ҳайатҳои кишварҳои сохтори Шӯрои роҳбарони хадамоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ, мақомоти оинномавӣ ва ҳамкории соҳавии Иттиҳод, ташкилотҳои байналхалқӣ, инчунин намояндагони даъватшудаи вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода баён намуд, ки «муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳамчун иқтидори дорои неруи низоъ дар ҷомеаи муосир таҳдид ба амнияти ҷамъиятӣ ва миллӣ дорад. Зимни ташаккули сиёсати давлатии мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд ҳамчунин афзалиятҳои амнияти миллӣ ва оқибатҳои муҳоҷират ба инобат гирифта шаванд».

Ба андешаи вазир, имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои ИДМ имкон медиҳад, ки бештари мушкилоти мураккаб дар соҳаи муҳоҷират, ки дар он муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ташвишовар ба ҳисоб меравад, ҳал карда шаванд.

Сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода баён дошт, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Вале новобаста ба ин, бо мақсади ба низом даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ имрӯз андешидани тадбирҳои зиёд ба мақсад мувофиқ аст. «Бинобар ин барои ҳалли ин мушкилот ҳамкории муштараки кишварҳои ИДМ аз мақсад дур нест, зеро проблемаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳамаи кишварҳои ИДМ ҷой дошта, он андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар ин самт тақозо мекунад. Конфронси имрӯза барои таҳияи механизми ягонаи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва танзими равандҳои муҳоҷират мусоидат хоҳад кард»,-илова кард Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода.

Дар конфронс Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода инчунин таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолият дар самти муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ талошҳои зиёд намудааст. «Ҳоло Тоҷикистон  барои роҳандозии ҳамкории муассири амалӣ бо кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ҳамкории амалӣ дар ин соҳа омода аст»,-афзуд вазир.

Иштирокчиёни конфронс вобаста ба масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ, роҳҳои ҳалли ин проблема, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳо маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми конфронс оид ба зарурати баланд бардоштани ҳамкории зич миёни мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи муҳоҷират, истифодаи васеи  иқтидори бунёди мавҷудаи меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи Иттиҳод, аз ҷумла дар соҳаи мубодилаи иттилоот, баланд бардоштани сатҳи омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва фаъолкунии корҳои муштарак оид ба ташкили давраҳои таълимӣ ва бозомӯзии намояндагони салоҳиятдори давлатҳои Иттиҳод дар соҳаи муҳоҷират тасияҳо қабул шуданд.

Хотиррасон мекунем, ки пагоҳ, 24 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи   навбатии  Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  баргузор мегардад.

Дар ҳайати Шўро роҳбарони мақомоти муҳоҷирати ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон,  Арманистон,  Беларус,  Қазоқистон, Қирқизистон, Федератсияи  Россия  ва  Ўзбекистон  шомил  мебошанд. Ин сохтор  тибқи  Созишномаи Шўрои сарони давлатҳои ИДМ «Дар бораи таъсиси Шўрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳо-аъзои ИДМ», ки 5 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, ташкил шудааст.

МУХОЧИРАТ- (5)

 

 

Май 23, 2017 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид
Дар Файзобод оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти истифодаи қувваи барқ вохӯрӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд