Ба 5 ҳазор занон дар Тоҷикистон оид ба бемории сил ва роҳҳои табобату пешгирии он маълумоти зарурӣ дода шуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Лотус»-и шаҳри Душанбе доир ба мавзӯи «Фаъолияти якҷоя дар мубориза бар зидди бемории сил байни занон» ҷаласа доир гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои маҳалливу байналмилалӣ иштирок намуданд.
Намояндаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Саманта Хафман баён намуд, ки аз соли 2016 то имрӯз бо мусоидати USAID дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ва дар ҳамдастӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» корҳои фаҳмондадиҳӣ байни занони минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Рашт доир карда шуданд.
«Ҳадафи асосии корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занҳо- ин огоҳӣ, пешгирӣ ва табобати саривақтии бемории сил мебошад. Дар натиҷаи чунин ҳамоишҳо ба зиёда аз 5 ҳазор нафар занон доир ба бемории сил маълумоти зарурӣ дода шуд ва беш аз 1200 нафар занони минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки аломатҳои бемории сил дар онҳо дида мешуд, ба табобат фаро гирифта шуданд», -гуфт Саманта Хафман.
Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Шарипов изҳор дошт, ки тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 9 миллион нафар одамон гирифтори бемории сил мегарданд. Солҳои охир дар ҷаҳон паҳншавии бемории сил 1,5 фоиз ва фавт аз 45 то 47 фоиз коҳиш дода шудааст.
Мақсади асосии Барномаи USAID оид ба мубориза бо бемории сил коҳиш додани сатҳи паҳншавии бемории сил буда, он барои 5 сол пешбинӣ шудааст.
Ҳоло кумакҳои бебозгашти USAID ба Тоҷикистон дар як сол ба ҳисоби миёна 30 миллион долларро ташкил медиҳанд, ки 30 фоизи он ба соҳаи тандурустӣ равона карда шудааст.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






