Дар вилояти Хатлон беш аз 700 ҳазор нафар кӯдакон эм карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар «Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон», ки аз 15 то 26 май идома меёбанд, дар вилояти Хатлон 759 ҳазору 949 нафар кӯдакони аз 1 то 9- сола бояд эм карда шаванд.
Тавре аз хадамоти мутбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани «Рӯзҳои миллии иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемории сурхча ва гулафшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Раёсати тандурустии вилояти Хатлон маводи эмгузаронӣ, 3 намуд банер, зиёда аз 6 намуд дастурамалҳои методӣ ва доруқуттиҳои тиббӣ дастрас намуд.
Дар айни замон дар дар минтақаи Қӯрғонтеппа 477 ҳазору 346 ва дар минтақаи Кӯлоб 282 ҳазору 603 кӯдак эм карда шудаанд. Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми 4 рӯзи аввал аллакай 519 ҳазору 830 нафар кӯдакон ба эмгузаронӣ фаро гирифта шуданд, ки ин 68,4%-ро ташкил менамояд.
Инчунин 1 409 нафар меҳмони берун аз вилоят ва 53 нафар кӯдаки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ низ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон эм карда шуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






