Духтари тоҷик «беҳтарин силоҳшинос» дониста шуд
ДУШАНБЕ, 1.05.2017./АМИТ «Ховар»/. 28 апрел дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон озмуни «Дар ҷустуҷӯи истеъдод», ки ба Соли ҷавонон бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Бино ба иттилоъи маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дар озмун донишомӯзони бахшҳои гуногуни Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ширкат карданд. Озмун аз се бахш: «Беҳтарин суханвар», «Беҳтарин рассом», «Беҳтарин силоҳшинос» иборат буд. Дар он курсантон санъати суханварӣ (шарҳ додани видеоролики беовоз аз наворҳои ҷойи ҳодиса), маҳорати фаврии тартибдиҳии фоторобот (тартиб додани фоторобот аз рӯйи тавсифи тахминии гумонбаршаванда) ва малакаи ба қисмҳо ҷудо ва васл намудани силоҳи оташфишон — автомати тамғаи «Калашников» ва таппончаи тамғаи «Макаров»-ро манзури тамошобинон намуданд.
Дар озмун курсанти бахши аввал Ф. Маҳкамова дар риштаи «Беҳтарин силоҳшинос» сазовори ҷойи аввал гардид. Дар бахши «Беҳтарин суханвар» курсанти соли 2-юм Ҳ. Ҳабибов ва дар номинатсияи «Беҳтарин рассом» курсанти бахши 3-юм Ф. Ёғибеков пирӯзӣ ба даст оварданд.
Мақсади асосии озмун муҳайё намудани фазои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ, ташаккул, рушд ва мустаҳкам намудани истеъдоди курсантон, ба вуҷуд овардани ҳисси мардонагӣ, ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагӣ, ҳамчунин, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терруристӣ гуфта мешавад. Дар хотима аз ҷониби роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони озмун тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.










Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






