Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард»
ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хизмати содиқона кардан ба Ватан — модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллатро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ бахшида ба Рӯзи ҷавонон қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода шумориданд ва зикр карданд: «Дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиш пайдо кардани таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм ҷавонони моро зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ ҷаҳду талош намоянд».
Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллату давлат танҳо бадбахтӣ меоранд ва ба рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.
Бо ин мақсад, ҷавонони мо бояд донишҳои сиёсиашонро пайваста такмил диҳанд, аз таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза мунтазам огоҳ ва барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доимо омода бошанд.
Ба ақидаи Пешвои миллат, ҷавонони мо бояд дарк намоянд, ки Ватани муқаддасамонро ба ҷуз худи мо каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз ҷавонони имрӯза вобаста мебошад.
«Мо — насли калонсол ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар анҷом дода истодаем. Дар навбати худ, ҷавонони мо вазифадоранд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Хукумати кишвар ҳарчи бештар ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд, то ки фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонида тавонанд»,-изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






