Хабарнигорони АМИТ «Ховар» аз Боғи Ғалаба: иштирокчиён ва собиқадорони ҷанг даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободиву шукуфоӣ ва сулҳу амонӣ кӯшиш ба харҷ диҳем

Май 9, 2017 12:39

ДУШАНБЕ, 09.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалаба ба муносибати 72 -юмин солгарди ғалаба дар ҷанги солҳои 1941-1945 чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ба ин муносибат майдони маросимҳои Боғи Ғалаба идона ороста шуда буд. Гузашти низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе дар сатҳи олӣ пешкаши иштирокдорон гардид.

 

Валӣ СаёрабековХабарнигорони АМИТ «Ховар» дар ин чорабинии муҳташам иштирок намуда, бо чанд нафар ҳамсуҳбат шуданд:
Валӣ Саёрабеков, муовини Раиси Шӯрои собиқадорони Ҷангу меҳнат, ҷанговари интернатсионалист иброз намуд, ки сол то сол чорабиниҳое, ки ба ин рӯз бахшида мешаванд, шукӯҳи тоза касб менамоянд. Ба гуфтаи Валӣ Саёрабеков, имрӯз бори дигар исбот шуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат ба иштирокчиёни ҷангу меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Номбурда ҷанговарони интернатсиалистро идомадиҳандаи кори падарону бобоёни бузург хонда, афзуд, ки имрӯз онҳо кори тарбиявии насли наврасро идома дода истодаанд, то ватани азизамон боз ҳам ободу зебо гардад.
Хадичахон Абдуллоева

Хадичахон Абдуллоеваи 82-сола зикр намуд: «Занони Тоҷикистон, мисли шавҳарон ва бародарони худ дар ҷабҳаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон вазифаи худро бошарофона иҷро карда, мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва шуҷоат нишон доданд. Қаҳрамониҳои занони тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик махсус қайд гардидаанд. Дар он айём занони Тоҷикистон якҷоя бо намояндагони дигар халқҳои Иттифоқи Шӯравӣ дар як саф истода, ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ дар торумор намудани душман қаҳрамониҳо нишон доданд. Ман ҳам дар он солҳо, ки дар сини наврасӣ будам, дар ақибгоҳ дар госпитали ҳарбӣ ба ҳайси ёрдамчӣ кор кардам». Хадичахон Абдуллоева шукрона мекунад, ки имрӯз дар яке аз кишварҳои ободу зебои дунё умр ба сар мебарад ва ба роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар барои ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнат изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҷамоли АбдулҳайҶамоли Абдулҳай, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, ки гарчанде аз ба охир расидани ҷанги хонумонсӯз 72 сол гузашта бошад ҳам, вале оқибатҳои онро имрўз ҳам дидан мумкин аст, зеро ягон оилаи тоҷикистонӣ набуд, ки ба он хатти сиёҳ наомада бошад. Оилаҳо падар, писар ё бародару хоҳарро дар ҷанг гум карданд. Ман ҳам яке аз нафароне будам, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз 4 бародари худро аз даст додам. Он вақтҳо ман 10-сола будам ва доду фиғони модарамро то ҳол фаромуш накардаам. Дар Соли ҷавонон орзу мекунам, ки насли имрӯзу фардои мо хушбахт бошанд ва он рӯзҳои сахти ҷанг, фиғони модарон ва гиряи ятимонро ҳеҷ гоҳ набинанд. Дар сарзамини мо ҳамеша сулҳ танинандоз бошад.

Саид РаҷабовИштирокчии дигари ҷанг Саид Раҷабови 91-сола таъкид кард, ки шуҷоату қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад ва ҷавононро мебояд аз ин сабақ баҳра гиранд. Саид Раҷабов дар ҷавоб ба ғамхориҳо бо эҳтиром зикр кард, ки аз дастгирӣ, кумак ва таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдор ҳаст ва таманно намуд, ки Пешвои миллат ҳамеша саломат бошанд.
Иштиркочиён ва собиқадорони ҷанг бо шукургузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва сулҳу ваҳдати кишвар аз ҷавонондухтарону ҷавонписарон, ки аксарияти иштирокдоронро ташкил мекарданд, даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободиву шукуфоӣ ва сулҳу амонӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар таҳсил ва кору пайкор фаъол бошанд. Ҳамеша онҳоеро гиромӣ бояд дошт, ки барои озодии ин сарзамин ва саодати халқ ҷоннисориҳо кардаанд.

Май 9, 2017 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид