Хуҷанд: баррасии натиҷаҳои амалиёти профилактикӣ ва маърифатии «Маданияти шаҳрдорӣ»
ДУШАНБЕ, 27.05.2017. /АМИТ«Ховар»/. Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда ва дар ин замина коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ силсилаи вохӯриҳоро бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор менамояд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи нақша ин маротиба вохӯрӣ ва мулоқоти озоду ошкорои сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода дар толори «Кохи Рӯдакӣ» бо фаъолон ва ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ филми мустанади «Ворисони Аҳриман», ки аз ҷониби Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд омода шуда, аз ҳаёти талхи ҷавонони тоҷик, ки баъди пайвастан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии ифротгаро дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд, ҳамчунин аз ҷараёни тафтиши парвандаҳоии ҷиноятии вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва бегонапарастии аъзоёни оилаи ин нафарон қисса мекунад, ба намоиш гузошта шуд.
Сипас Шариф Назарзода дар маърӯзаи таҳлилии хеш бо истифода аз фото-слайдҳо ва видео-слайдҳо мушкилоти ҷойдоштаи шаҳри Хуҷандро мавриди баррасӣ ва чораандешӣ қарор дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки новобаста аз кӯшишу талошҳои масъулини мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти дастаҷамъонаи бахшу воҳидҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони маҳал баҳри коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳолатҳои истиробангезе ҷой доранд, ки ҳеҷ яке аз моро бетараф гузошта наметавонад.
Мавсуф иброз намуд, ки «маҳз дар сатҳи баланди касбӣ ва бо сифати баланди хизматӣ ташкил намудани амалиёти профилактикиву маърифатии «Маданияти шаҳрдорӣ» буд, ки давоми 4 моҳи соли ҷорӣ вазъи ҷинояткорӣ тамоюли пастравӣ дошта, тамоми ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз қабили одамкушиву ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва ҳодисаҳои худкушӣ ва суиқасд ба он нисбати ҳамин давраи соли гузашта хеле кам гардидааст».








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






