Хуҷанд: «Маданияти шаҳрдорӣ» мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам меоварад
ДУШАНБЕ, 01.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ-прокуратура, суд, амният ва фаъолон масъалаҳои вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ баррасӣ шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилзода дар баробари тафсилоти вазъи кунунии криминогении маркази маъмурии вилояти Суғд аз тадбирҷӯиҳои мақомоти милитсия маълумот дода, зикр намуд, ки «ҳамкории мардум бо милитсия такягоҳи устуворест, ки муқобили тамоми зуҳуроти номатлуб, ҷинояткорӣ ва дигар ангезаҳои халалдоркунандаи амнияту тартибот истодагарӣ карда метавонад. Чунин таҷриба дар шаҳри Хуҷанд самаранок ба роҳ монда шудааст. Амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам оварда, ба тақвияти ҳамкории миёни онҳо мусоидат мекунад. Натиҷаи мусбати он коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ аст, ки моро ҳавасманд месозад»,- зикр дошт Э. Ҷалилзода.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






