ИМА ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 15 мошин ва дигар таҷҳизоти техникӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани кумак ба маблағи 6 млн. доллари ИМА дар шакли воситаҳои нақлиёт (15 мошин), таҷҳизоти алоқаи «моторола» ва камераҳои гармидиҳӣ (тепловизионӣ) аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар маросими супоридани кумак Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов, муовини якуми Раиси КДАМ, сардори Саррёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ширкат варзиданд.
Раиси КДАМ ҶТ Саймумин Ятимов таъкид намуд, ки Ҳукумати ИМА дар давраҳои ҳассос, хусусан дар даҳ соли охир ба сарҳадчиёни тоҷик кумакҳои зиёд пешкаш намуданд. Ин кумакҳо на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои минтақа хеле муҳим ҳастанд ва онҳо барои баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Элизабет Миллард иброз дошт, ки ҳамкории байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аз таҳдидҳои фаромиллӣ, ки метавонанд ба субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъсир расонанд, мусоидат менамояд. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки қочоқи маводи мухаддир боиси ташвиш аст, зеро маблағҳои аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддир бадастовардашуда аксар вақт барои маблағгузории созмонҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода бурда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 2006 инҷониб «Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА» зиёда аз 155 млн. доллари амрикоиро барои таҷҳизот, омӯзиш ва инфрасохтор, ки ба таҳкими худкифоӣ, қудрат ва самаранокии фаъолияти мақомоти соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, ҷудо намудааст.









Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






