Интиқоли оби нӯшокӣ дар қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов муваққатан қатъ мегардад

Май 13, 2017 12:07

ДУШАНБЕ, 13.05.2017. /АМИТ Ховар/. Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз    12 майи соли равон  «Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов» ба тасвиб расид.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва равобити хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дода,  зикр  намуданд, ки  бо мақсади татбиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 марти соли 2015 «Дар бораи ғолиби тендер» оид ба «Азнавсозии хиёбони Ҷ. Расулов (аз хиёбони Б. Ғафуров то кӯчаи Р. Набиев)»,  тибқи  нақшаи  чорабиниҳои мувофиқашудаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муваққатан аз соати 8:00 рӯзи 15 то соати 8:00 рӯзи 16 майи соли 2017 интиқоли оби нӯшокӣ дар  қубури қутраш 325 мм, воқеъ дар хиёбони Ҷ. Расулов қатъ мегардад.

Дар ҷараёни пайваст намудани қубурҳои амалкунанда дар хиёбони мазкур  интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Сино, хиёбонҳои Ҷ. Расулов, С. Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, М. Шерализода, Абдулобеков, шаҳракҳои 15, 15 а ва 32 қатъ мегардад.

Аз истифодабарандагони об дар кӯчаву хиёбон ва   шаҳракҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Тибқи  қарори мазкур  раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»  вазифадор гардиданд, ки  дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин дар қарор омадааст, ки  Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе  сифати оби нӯшокиро мутобиқи талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

 

 

 

Май 13, 2017 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид