Машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Австралия
ДУШАНБЕ, 23.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 майи соли 2017 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои дуҷонибаи сиёсии Тоҷикистону Австралия баргузор гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, зимни машваратҳо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомидин Зоҳидӣ ва Ёвари Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Австралия Ҷеймс Ҳол самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва маориф, масоили ҳамкории минтақавӣ ва башардӯстона, вазъият дар Афғонистон ва мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.
Дар ҳошияи машваратҳои мазкур ҷонибҳо дар масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ба роҳ мондани муколамаи мутақобилан судманд табодули назар анҷом доданд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






