Мусобиқаи варзишӣ ба муносибати Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон дар Афғонистон

Май 29, 2017 11:24

ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 25 майи соли 2017 аз ҷониби Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба муносибати Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳамкории Кумитаи варзишии муҷтамаъи ҷомеаи маданӣ ва мудирияти варзиши вилояти Бадахшони Афғонистон дар шаҳри Файзободи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон байни наврасон мусобиқаи варзишӣ оид ба  каратэ баргузор гардид. Дар мусобиқа 100 нафар иштирок карданд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мусобиқа барои шиносоии мардуми ҳавзаи консулӣ бо ҷашнҳои миллии мазкур намояндаи консулӣ сухан гуфт.

Мусобиқа  дар ВАО ба таври васеъ бозтоб ёфт. Ҳамзамон ба ТВ «Тулӯъ» ва радиои «Ому» низ дар ин маврид иттилоъ дода шуд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби муассисаи консулӣ бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Май 29, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд