Неругоҳи барқи обии «Техарв» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Май 15, 2017 11:31

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон баъди таъмиру навсозӣ Неругоҳи барқи обии «Техарв» бо иқтидори 450 мегаватт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи неругоҳи барқи обӣ роҳбарияти вилояти Бадахшон ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова зикр намуд, ки барои навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир васлу насб кардани  неругоҳ 1 миллион доллари америкоӣ  сарф шудааст.

Баъди мавриди истифода қарор гирифани ин неругоҳ  имкон даст дод, ки сокинони ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Ванҷ бо қувваи барқи доимӣ таъмин шаванд.

 

 

 

Май 15, 2017 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст