Номаи шодбошӣ аз намояндаи Владимир Путин ба Ҳошим Гадо
ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ Ховар/. Ба унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ҳошим Гадо аз намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой ва Вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский бахшида ба 80-солагии Ҳошим Гадо барқияи шодбошӣ ворид гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар матни барқия омадааст, ки Ҳошим Гадо ҳунарпешаи нотакрор, коргардони моҳир ва мутафаккири хирадмандест, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ эътироф гардидааст. Фаъолияти бисёрсолаи ӯ дар рушди фарҳанги тоҷик дар ҳақиқат сазовори таҳсин ва эҳтиром аст.
«Меҳнати пайваста ва арзандаи шумо барои мустаҳкам намудани муносибатҳои фарҳангии байни кишварҳо сазовори миннатдории махсус аст»,-гуфтааст намояндаи Президенти Федератсияи Россия оид ба муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ М. Швидкой дар ин нома.
«Осори шумо дар таърихи театр ва синамои шӯравӣ ба саҳифаи дурахшоне табдил ёфтааст. Истеъдоди фавқулодаи нависандагӣ, осори тарҷумаиҳолӣ ва фалсафии саршор аз ҳикмати шумо шавқи беандозаи хонандагонро бедор намуда, шуҳрати бузургеро ба даст овардаанд», — нигоштааст Вазири фарҳанги Федератсияи Россия В. Р. Мединский дар матни барқияи шодбошӣ.
Хотиррасон менамоем, ки 10 майи соли 2017 ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии СССР Ҳошим Гадо 80 сол пур шуд. Он рӯз бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳошим Гадо бо унвони ифтихории «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Нишони мукофоти давлатии мазкурро ба ҳунарманди маъруф Пешвои миллат супориданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






