Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синоро кӣ ба даст овард?
ДУШАНБЕ, 12.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино» мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳияи Сино баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, мусобиқаи мазкурро Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101 доир намуд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Зарина Файзуллозода варзишгаронро бо Соли ҷавонон табрик намуда, зикр кард, ки «бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаву бобарори Пешвои миллат бонувон дар ҳамаи бахшҳои шохаҳои ҳокимият фаъолият доранд. Мусобиқаи варзишии имрӯза низ бо мақсади ҷалби ҷавондухтарон ба варзиш ва тарбияи ҷисмонии онҳо равона гардида, ҳадафи он оммавӣ гардонидани варзиш байни ҷавондухтарон мебошад».
Мусобиқа бо иштироки дастаҳои духтаронаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ оғоз гардид.
Ҳамин тариқ байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олӣ мақоми аввалро дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, ҷойи дуюмро дастаи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, дастаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва ҷои сеюмро Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ишғол карданд.
Байни донишҷӯдухтарони коллеҷҳо ҷойи якумро дастаи Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва мақоми дуюмро дастаи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба даст оварданд.
Дар байни хонандагони литсейҳо ҷойи якумро дастаи Литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат, зинаи дуюмро дастаи Литсей-интернати махсуси маъбон ва мақоми сеюмро дастаи Литсеи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовор гардиданд.
Тавре муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино изҳор намуд, ба ғолибони мусобиқа дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.













Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






