Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат дар Туркманистон баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин муаррифии санъат ва фарҳанги тоҷик аз 27 май то 2 июни соли равон дар Ҷумҳурии Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркманистон баргузории барномаи консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои «Тоҷикистони муосир», мӯд, либосҳои миллӣ ва филмҳои тоҷикӣ дар назар аст.
Роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода бар уҳда дошта, ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радио Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомиланд.
Иштирокчиёни Рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод ва дигар мавзеъҳои ин кишвар барномаҳои ҷолиби консертиро иборат аз сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун, инчунин сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманӣ манзури шаҳрвандони Туркманистон менамоянд.
Барномаи ҳунариро ҳамчун роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев таҳия кардааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






