«Шабе дар осорхона» фарогири ҳунарҳои дастии мардумӣ, рассомӣ, намоиши либосҳои арӯсӣ ва аксҳои беҳтарин буд

Май 19, 2017 09:49

ДУШАНБЕ, 19.05.2017. /АМИТ Ховар/.  Шоми дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»  баргузор гардид.

Тавре директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода иброз дошт,  барномаи  фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, он бори аввал  дар Тоҷикистон  пас аз ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон соли 2013  доир  шуда  буд.

Дар ҳамоиши фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»  13 барнома, аз ҷумла озмуни қироати шеър «Донояк», намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ, намоиши либоси арӯсӣ, озмуни акси беҳтарин, рангу бор намудани нақши ҷонварон, ҳунари рассомӣ ва аз коғаз омода намудани бозичаҳо доир гардид.  Ҳамчунин дар қисмати шимолу шарқии осорхона филми  ҳуҷчатӣ таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвар  обҳои равонбахш»  пешниҳоди тамошобинон гардид.

Барномаи   фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона» бо мақсади  ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба  таъриху фарҳанги кишвар, боло бурдани  ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон  бо дастгирии  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Маркази дилхушиии кӯдаконаи «Мадагаскар»  ва дигар марказҳои  ҳунарию илмӣ роҳандозӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилали  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Шабе дар Осорхона---- (3)

 

 

 

Май 19, 2017 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид