Шамсиддин Орумбекзода: «Рӯзҳои фарҳангии мардумони тоҷику ӯзбек барои ҳамкории зичи ҳунармандон роҳи бузург мекушоянд»
ДУШАНБЕ, 10.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини аввали Вазири фарҳанги ин кишвар Минҳоҷиддин Мирзоҷонов ба муносибати оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баъд аз мулоқот ҷонибҳо бо иштироки рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир намуданд. Зимни нишасти матбуотӣ Шамсиддин Орумбекзода ташрифи меҳмонон ва рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфта, зикр намуд, ки «ҳамкории ду кишвари дӯсту бародар, ки решаҳои хеле қадимӣ доранд, минбаъд низ идома меёбанд».
Ба гуфтаи Орумбекзода, умумияти фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек хеле зиёд аст ва хусусияти муҳими рӯзҳои фарҳангӣ ин аст, ки чорабинии мазкур барои ҳамкории ояндаи зичтари ҳунармандони ҳарду кишвар роҳи бузург мекушояд ва онҳо метавонанд барномаҳои консертии муштараки ҳунармандони тоҷику ӯзбекро ба роҳ монанд».
Дар нишаст Минҳоҷиддин Мирзоҷонов, Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таърихи қадимӣ доштани решаҳои дӯстии ин ду кишвари дӯст ҳарф зада, зикр намуд, ки «новобаста аз он ки муносибатҳои дипломатӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз соли 1992 оғоз ёфтаанд, решаҳои дӯстии ин мардумон таърихи қадимӣ доранд. Барои тасдиқи гуфтаҳои боло кофист дӯстӣ ва ҳамкории ду фарзанди фарзонаи миллат- шоирони забардаст Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоиро мисол овард».
Ба гуфтаи Минҳоҷиддин Мирзоҷонов, бо ташаббуси роҳбарони ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар баҳри беҳбудии муносибатҳо, аллахусус рушди робитаҳои фарҳангӣ корҳои назаррас дар ҳоли татбиқанд.
Ба иттилои Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, зимни мулоқоти хосса ҷонибҳо дар бораи густариши ҳамкорӣ ҳарф заданд. «Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳанӯз соли 1998 миёни ин ду кишвар Созишномаи байниҳукуматӣ имзо шудааст. Мо ба қароре омадем, ки бояд дар ҳама самтҳо- аз донишгоҳи илмии фарҳангу санъат шурӯъ карда, то ба театру қасрҳои фарҳанг ҳамкории зич дошта бошем. Ҳамчунин ҳунармандони мо метавонанд бо санъаткорони кишвари ҳамсоя барномаҳои муштарак дошта бошанд»,-баён дошт Вазири фарҳанг.
Бояд гуфт, ки шоми имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Меҳмонони барнома қабл аз оғози он метавонанд аз намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии «Ӯзбекистони муосир», ки дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта мешавад, баҳра бардоранд.








Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд






