Шоми имрӯз дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон расман оғоз меёбанд
ДУШАНБЕ, 10.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 9 май ҳайати расмӣ ва эҷодии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири фарҳанги ин кишвар Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов барои иштирок дар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада, нахуст аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон аз 9 то 13 майи соли равон доир гардида, дар ин рӯзҳо баргузории барномаҳои консертӣ, намоиши синамо ва мусаввараҳо дар назар дошта шудааст.
«Барои иштирок дар ин рӯзҳо, ки бо мақсади рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар баргузор мегарданд, ҳунарпешаҳои машҳури Ӯзбекистон, мисли Ғуломҷон Ёқубов, Маҳмуд Намозов, Севинч Мӯминова ва Ансамбли давлатии тарона ва рақси «Ӯзбекистон» ба Тоҷикистон омаданд»,- хабар доданд аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз, 10 май соати 11:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шарафи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Худи ҳамин рӯз соати 14:00 дар Хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо намоиши филми ҳунарии «Ота» (Падар) оғоз меёбад.
Шоми 10 май соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад. Меҳмонони рӯзҳои фарҳангӣ қабл аз оғози он метавонанд аз намоиши санъати тасвирӣ ва аккосии «Ӯзбекистони муосир», ки дар даромадгоҳи театр ба маъраз гузошта мешавад, баҳра бардоранд.
11 майи соли 2017 сафари иштирокчиён ба шаҳри Қӯрғонтеппа дар назар аст. Дар ин рӯз барномаи консертии ҳунарпешагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Қӯрғонтеппа манзур мегардад.
Маросими ботантанаи анҷоми Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 майи соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барпо мешавад.








Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид






