Соҳили дарёи маркази ноҳияи Ванҷро то мавсими обхезӣ мустаҳкам мекунанд

Май 26, 2017 15:08

ХОРУҒ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дарозии дарёи маркази ноҳияи Ванҷ каме бештар аз як километр буда, дар ду соҳили он хонаҳои истиқоматӣ, боғу киштзорон, шабакаи обтаъминкунӣ ҷойгиранд. Сардори бахши ситоди ҳолатҳои фавқулодаи  ин ноҳия Аслон Худоиев гуфт, ки «соли гузашта бар асари обхезӣ оби дарё саддро рахна карда, боғу киштзорон ва замини наздиҳавлигии сокинонро хароб кард. Наздик ба 150 метр қубурҳои обгузарро зер кард ва чанд муддат сокинони маркази ноҳияро аз оби тоза маҳрум намуд».

Дар фасли зимистони имсола низ барфи зиёд борид ва эҳтимоли боз баланд шудани оби дарё вуҷуд дорад. Аз ин рӯ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ирсоли  як нома аз ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш намуданд, ки дар таҳкими соҳили дарё кумак расонанд.

Ба гуфтаи сардори хоҷагии оби ноҳия Неъмат Холиқов, «мо ба наздикӣ  маводи сӯзишворию сохтмонӣ  гирифтем ва ба таҳкими соҳил оғоз кардем. Сокинони маҳалаҳои ҷамоати деҳот  бунёду кашидани симтӯрро бар дӯши худ гирифтанд ва ҳамарӯза  мутобиқи навбат  ба ҳашар мебароянд».

Ҳаво торафт гармтар мешавад ва ин бошандагони маркази ноҳияро  водор мекунад, ки ҳарчӣ зудтар соҳили дарёро  маҳкам карда, аз хисороти офати табиӣ ҷилавгирӣ намоянд.

 

Май 26, 2017 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст