Суҳроб Боқиев дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо соҳиби медали нуқра гардид
Душанбе, 15.05.2017. /АМИТ«Ховар»/ Аз 13 то 14-уми май дар шаҳри Оренбурги Россия мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо баргузор гардид. Варзишгари ҷавони тоҷик Суҳроб Боқиев дар ин мусобиқа медали нуқра ба даст овард.
Дар мусобиқа беш аз 300 варзишгар аз 14 давлат- Тоҷикистон, Австрия, Арманистон, Беларус, Британия, Гурҷистон, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Нидерланд, Олмон, Россия, Словакия ва Франсия иштирок карданд
Ёдовар мешаем ки рақобатҳо дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, 78, +78 кило миёни занон ва 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 кило миёни мардон доир гардиданд.
Паҳлавони ҷавони тоҷик Суҳроб Боқиев дар вазни 60 кило аввал бар варзишгари арманӣ Шоҳин Абашян ғолиб омад. Дар даври дуюм ӯ Рой Коффиҷбергро аз Нидерланд ва дар даври сеюм Ҷолан Флоримонти франсавиро шикаст дод. Дар нимфинал бар вазишгари Россия Обид Ҷебов ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт. Вале дар финал аз варзишгари дигари Россия Яго Абуладзе шикаст хӯрд.
Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқа ҷумҳурии моро ба ғайр аз Суҳроб Боқиев Комрон Мамадназаров (-60), Хушқадам Хусравов (-66), Ҳидоятулло Самиев (-73), Амонулло Азимов, Садр Боев, Сафарбек Муродов, Кароматулло Ҳакимов, Акмал Муродов (-81), Муҳаммадасрор Юсупов (-90), Абдулваҳоб Сатторов (-100) ва Шакармамад Мирмамадов (+100) намояндагӣ карданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






