Тоҷикистон Рӯзи якдилии меҳнаткашонро бидуни истироҳат таҷлил менамояд

Май 1, 2017 15:18

ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Якуми май- Рӯзи якдилии меҳнаткашони тамоми дунёст, ки онро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил менамоянд.

Соли гузашта вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати кишварро дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карданд. Тибқи он минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.
Тавре Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то кунун 1 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон дар рӯйхати идҳои давлатӣ бидуни истироҳат боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, дар даврони шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол 5 ид таҷлил мегардид ва панҷ рӯзи истироҳатӣ буд. Дар даврони Истиқлолият рӯзҳои иди ғайрикорӣ дар маҷмӯъ ба 12 адад расидаанд, яъне ду маротиба зиёд шудаанд.
Ба маълумоти Қодири Қосим, аз соли 1890 инҷониб 142 кишвари дунё 1 майро ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии меҳнаткашон ҷашн мегиранд. Вобаста ба инкишофи ҷомеа маънӣ ва хусусияти ин ҷашнвора низ дигар шудааст. Ба мисли пештара дар аксари давлатҳои дунё ин ҷашн ҳамчун ҷашни сиёсӣ не, балки ҳамчун иди меҳнат қайд карда мешавад. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон низ бахшида ба Рӯзи якдилии меҳнаткашон як зумра барномаҳои оммавию фарҳангӣ баргузор намуд.
Дар арафаи ин ҷашн Федератсия бо коргарони иншооти муҳиму стратегӣ- НБО «Роғун», ки зиёда аз 13 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, вохӯрӣ доир намуд. Барои болида гардонидани хотири бинокорон барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони дастаҳои «Наврӯз», «Базморо» ва гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Ғарибшо» пешкаш гардид. Инчунин аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон як гурӯҳ сохтмончиёни ин иншооти аср барои хизматҳои шоён бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Ба андешаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ин иди умумиҷаҳонӣ на танҳо 1 май, дар айёми зебои сол ҷашн гирифта мешавад, балки ин санаи фархунда таҷассуми олитарин арзишҳои инсонист, ки меҳнаткашони тамоми ҷаҳонро новобаста аз миллату халқият ва нажод ба дӯстиву рафоқат ҳидоят менамояд. Имрӯз тамоми мардуми меҳнатқарини мо шукр аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу амният зиндагӣ доранд.

Май 1, 2017 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳашари экологии «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд