Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Давҳа ширкат намуд

Май 15, 2017 11:28

ДУШАНБЕ, 15.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 14 майи соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар доираи сафари кории худ ба Давлати Қатар дар маросими ифтитоҳи Форуми 17-уми байналмилалии Давҳа ширкат намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори ҳамоиши байналмилалӣ, ки зери унвони «Рушду субот ва қазияи гурезагон» баргузор мегардад,  роҳбарони  баъзе  давлатҳо, сиёсатмадорон, коршиносони аршади соҳаҳои робитаҳои байналмилалӣ, иқтисод, иҷтимоиёт, муфаккирону донишмандон ва намояндагони доираҳои тасмимгири бештар аз 50 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, оид ба қазияҳои мубрами байналмилалию минтақавӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, аз ҷумла буҳрони гурезагону паноҳандагон дар ҷаҳони муосир мубодилаи афкор мекунанд.

 

Май 15, 2017 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст