19 июн-Рӯзи умумиҷаҳонии футболи кӯдакону наврасон: гурӯҳҳои хиёбонӣ омода бошед, футбол назди шумо меояд!
 
			
					
										«Наврасону ҷавонон ҳар қадар солим бошанд, давлату миллат
низ ба ҳамон андоза нерӯманду тавоно мегардад»
Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 19.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз маъруфтарин ва марғубтарин навъҳои варзиш ва як василаи муҳими ҳифзу тақвияти саломатии мардум ва сафири сулҳу субот, ки дар ташаккули зарфиятҳои инсон нақши муҳимро мебозад ва симои миллатҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба намоиш мегузорад-Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакону наврасонро ҷашн мегирад.
Ҳар як қадами аввалин агар дар ҷодаи тамоми намуди варзиш дар кӯдакиву наврасӣ ниҳода шуда бошад, яқинан, ки ба қуллаҳои баланди муваффақиятҳои бемисл хоҳад расид. Муҳимияти ин нуктаро Фонди кӯдаконаи СММ ва Ассотсиатсияҳои байналмилалии футбол ба инобат гирифта, ин рӯзро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона сабт намуданд.
Бояд гуфт, ки сирри маъруфияти футбол дар соддагӣ ва ҳамагонӣ будани он аст, ки бо ин метавон дар макону замони мухталиф бо доштани танҳо тӯб бозӣ намуд. Кӯдакони тамоми олам бо як ҳисси хушҳолӣ тӯбро дар саҳни майдонҳои варзишӣ, назди кӯчаву хиёбонҳо, новобаста аз намуди пӯст ва ё баромади иҷтимоӣ ба дастаҳои футбол тақсим шуда, бо ҳам муттаҳид гашта бозӣ ва ё ин навъи варзишро мухлисӣ мекунанд. Яъне футбол кӯдаконро дар рӯҳияи дӯстӣ, ягонагӣ, муттаҳидии гурӯҳӣ ҳидоят карда, фарҳанги варзишӣ ва қувваву рӯҳияи озодмандиро дар онҳо инкишоф медиҳад.
Хушбахтона, дар қаламрави Тоҷикистон ҳам футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёдро касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро пиёда гардонидааст. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабули «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», ки дар тарҳи нав таҳия ва тасдиқ гардидааст, метавонад дар баланд бардоштани мақоми футболи тоҷик боз ҳам нақши муассир гузорад. Зеро дар доираи ин Барнома муҳайё сохтани шароит барои машғул шудан ба футбол ба талаботҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншоотҳои марбути соҳа, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш дар назар дошта шудааст.
Ба гуфтаи директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков, тибқи маълумоти расмӣ дар ҷамъомаду вохӯриҳои вобаста ба футболи дар соли 2016 доир гардида 30 000 нафар кӯдакон ва наврасон иштирок намудаанд, ки ин гувоҳ аз он аст, ки футболро дар мо хеле дӯст медоранд ва шумораи кӯдакони ҳавасманд ба ин намуди варзиш рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст.
«Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҷалби кӯдакон корҳои зиёд ба анҷом расонида мешавад, аз ҷумла дар тамоми манотиқи кишвар баргузор кардани фестивалҳо, чемпионатҳо, ҷоизаҳо дар 4 синну сол, сохтмону ба истифода додани майдонҳои нави варзишӣ мисол шуда метавонад. Дар ин сол нақша дорем, ки дар тамоми кишвар лигаи гурӯҳҳои хиёбониро аз 6 сола боло таҳти унвони «Футбол назди шумо меояд»-ро ба роҳ монем. Зикр бояд кард, ки лоиҳаи тоҷикии «Футбол ба назди шумо меояд» ғолиби Барномаи байналхалқии варзишӣ «Peace and sport»дар соли 2015 гардид ва соле қабл ин лоиҳа сазовори дипломи махсус «Барои ташаббуси беҳтарини иҷтимоӣ» дар саммити ҷоизагирандагони Нобелӣ дар Колумбия гашт»,-зикр намуд ҳамсуҳбат.
Ба андешаи номбурда, бештари кӯдакон ба Мактаби футбол на ба хотири омӯзиш, балки барои бозӣ кардан меоянд. Ба ин хотир аз мураббӣ вобастагии зиёд дорад. Ӯ бояд бо ин роҳ раванди тамрини омӯзиши футболро ташкил намояд, то кӯдакон барои ҳамешагӣ дар футбол ҷалб шаванд ва бозингари хуб гарданд. «Омӯзиш додан на танҳо фаҳмонидан, нишон додан ва маслиҳат додан аст. Ин, пеш аз ҳама, дар раванди тамрин доштани малакае, ки тавонад бе сухан ва бе ягон таъкиду маҷбурсозӣ ба тарбияи нозукиҳои ин варзиш сабаб гардад. Барои кӯдакони синни хурд аз ҳама муҳим бозӣ бояд шавқовар бошад ва воситаи асосии машқкунии онҳо гардад. Ин гуна аст ангезаи психологии кӯдакони синни хурдсол ва ҳар як мураббиро муҳим ва зарур аст, то ки ин нуқтаро ба назар гирифта, усул ва воситаҳои навро ҳангоми тамрин истифода намояд. Танҳо бо як намуди тамрини бозӣ ба кӯдакон наметавон ҳамаро омӯхт. Муҳим тамринҳоеянд, ки баҳри инкишофи сифатҳои ҳаракатӣ ба монанди, чолокиву суръатнокӣ, мутобиқсозии ҳаракат ва албатта, техникаи идоракунии тӯб равона карда шуда бошанд»,-гуфт Увайдо Давлатбеков.
Бояд гуфт, ки дар футбол сухани охирин ҳамеша аз мураббӣ вобастагӣ доштаву садо хоҳад дод. Маҳз ӯ нақшаи омодагии лигаро бар уҳда дошта, масъули натиҷаи бурд ва ё бохти бозист.
Ба андешаи Увайдо Давлатбеков, сарзамини Тоҷикистон ҳамеша дорои ҳунару истеъдодҳои бузургу нотакрор буд ва ҳаст. «Дар мо кӯдакону наврасони лаёқатманду соҳибистеъдод зиёданд, ки метавон бо боварӣ гуфт, ки ояндаи дурахшон ва номбардори футболи кишвар хоҳанд шуд. Ҳадафи аслии федератсия низ ин тарбия ва ташкилу муҳайё кардани шароит барои рушди ҳунари кӯдакон дар ин самт аст. Дар ҳоли ҳозир Академияи футбол таъсис дода шудааст, ки дар он бозигарони наврас тамрин намуда, нозукиҳои ин намуди варзишро меомӯзанд»,- афзуд Увайдо Давлатбеков.
Шаҳлои САДРИДДИН









 
						

 ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими «Сафо»-и Лубнон бозӣ мекунад Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар  Қазоқистон соҳиби  чор  медал гардиданд
Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар  Қазоқистон соҳиби  чор  медал гардиданд БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 19 адад расид
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 19 адад расид БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 15 адад расид
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Шумораи медалҳои варзишгарони навраси тоҷик ба 15 адад расид «Истиқлол» бар  дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар  бозии охири даври 20-уми Лигаи олии  Тоҷикистон  ғолиб омад
«Истиқлол» бар  дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар  бозии охири даври 20-уми Лигаи олии  Тоҷикистон  ғолиб омад «Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26  бо дастаи  футболи  Ал-Арабӣ»-и Кувайт  бозӣ  кард
«Регар-ТадАЗ» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26  бо дастаи  футболи  Ал-Арабӣ»-и Кувайт  бозӣ  кард БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Варзишгарони навраси тоҷик дар ин мусобиқа  соҳиби 12  медал гардиданд
БОЗИҲОИ ОСИЁӢ. Варзишгарони навраси тоҷик дар ин мусобиқа  соҳиби 12  медал гардиданд Варзишгарони собиқадори тоҷик дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба   самбо соҳиби  10 медал гаштанд
Варзишгарони собиқадори тоҷик дар Чемпионати  ҷаҳон оид ба   самбо соҳиби  10 медал гаштанд Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ анҷом дод Варзишгоҳи нави марказии ноҳияи Восеъ дорои  21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад
Варзишгоҳи нави марказии ноҳияи Восеъ дорои  21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 муайян гардиданд
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ-2025 муайян гардиданд Имрӯз «Регар-ТадАЗ» аввалин бозиро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 баргузор мекунад
Имрӯз «Регар-ТадАЗ» аввалин бозиро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 баргузор мекунад 
									 
									 
									 
									 
									





