Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби президентии шаҳри Бӯстон бо иштироки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва натиҷагирӣ аз марҳилаи 10-соли қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ- назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд, дар конференсия Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода аз тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ин самт ибрози назар намуд. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Ахмедов дар мавзўи «Ваҳдати миллӣ-асоси суботи сиёсӣ ва муҳимтарин омили бақои давлат» маърӯза намуда, ҳамагонро ба таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбуб даъват кард.
Иштирокдорон перомуни масоили такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фикру андешаҳояшонро баён намуданд.