Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ: «Муносибати Тоҷикистон бо масоили рушд куллан ба Рӯзномаи то соли 2030 мутобиқат мекунад»

Июнь 22, 2017 19:02

ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар сомонаи Хадамоти иттилооти СММ /http://www.unmultimedia.org/ дар бораи сафари Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот нашр гардидааст, ки дар он дар бораи сафар ва ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба расидан ба рушди устувор муфассал гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи июн Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бо сафари расмӣ ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ташриф овард.

Рӯзҳои 11-12 июни соли равон дар доираи сафари худ ба Осиёи Маркзаӣ Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Шоми 11 июни соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот карданд.

Зимни мулоқот масоили асосии ҳамкории Тоҷикистону СММ дар давоми 25 соли узвият дар созмон, нақши СММ ва ниҳодҳои тахассусии он дар таҳкими сулҳ ва субот, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар ин давра Тоҷикистон бо 23 барнома ва муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ ҳамкории созанда ва судмандро ба роҳ монда, барои фаъолияти пурсамари онҳо шароити мусоид фароҳам овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо СММ дар пешбурди муваффақонаи барномаҳо ва лоиҳаҳои марбут ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар баланд арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ дар асоси вазифаҳои расидан ба ҳадафҳои рӯзномаи нави ҷаҳонӣ то соли 2030 таҳия гардидааст.

Бо ишора ба саҳми Тоҷикистон дар татбиқи рӯзномаи СММ зикр гардид, ки Тоҷикистон пешбурди ташаббусҳои худро дар сатҳи байналмилалӣ барои амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас дар соҳаи идоракунии маҷмуии захираҳои об идома хоҳад дод. Дар ин росто, зикр гардид, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон иқдоми муҳим ба шумор меравад.

Сарвари давлат Дабири кулли СММ-ро даъват намуданд, ки дар ташкили чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи нав, аз ҷумла ҷаласаҳои махсус дар доираи Маҷмаи Умумии СММ (Ню-Йорк, 19 сентябри соли 2017) ва Конфронси сатҳи баланд дар Душанбе (моҳҳои май ва июни соли 2018) мусоидат намояд.

Бо назардошти аҳамияти стратегии расидан ба истиқлолияти энергетикӣ барои Тоҷикистон, Президенти кишвар ташаббусҳои ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии энергияи устувор барои солҳои 2014-2024-ро ҷонибдорӣ намуданд. Таъкид гардид, ки лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа татбиқ мешаванд. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳалли масоили марбут ба об баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки СММ ва ниҳодҳои он ба раванди татбиқи ин ташаббусҳо мусоидат хоҳанд кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм табодули назар карданд. Таъкид гардид, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, бахусус марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир барои кишвар аҳамияти бунёдӣ (фундаменталӣ) дорад. Дар робита ба ин, зикр гардид, ки СММ бояд ҳамчун институти байналмилалӣ дар ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми зуроварӣ нақши марказиро бозад. Андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризм маҳсуб мешавад, зарур шуморида шуд. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориро дар таъмини амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташакили фаромиллӣ, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ таҳким бахшанд ва инчунин ба танзими вазъ дар Афғонисон мусоидат намоянд. Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.

Субҳи 12 июни соли равон дар «Кохи Наврӯз» бо иштироки намояндагони ташкилотҳои минтақавӣ, муассисаҳои махсусгардонидашудаи СММ, намояндагиҳои дипломатӣ, роҳбарон ва коршиносони идораҳои давлатии кишвар конфронси сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” баргузор гардид.

Зимни суханронии худ дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ ва шарикии боэътимод ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Вобаста ба тағйирёбии иқлим зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Парижро ба тасвиб расонидааст, ки татбиқи он шароити мусоидро барои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим фароҳам меорад ва Ҳукумат мувофиқи афзалиятҳои экологии сиёсати давлат барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар фарҷоми суханронии худ Сарвари давлат ба ташаббусҳои ҷаҳони оид ба масоили идоракунии захираҳои об таваҷҷуҳ зоҳир карда, кишварҳои аъзои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро даъват намуданд, ки дар татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ саҳми худро гузоранд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суханронии ифтитоҳии худ зикр кард, ки роҳи интихобкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодӣ куллан ба 17 Ҳадафи рушди устувор мувофиқ мебошад.

Дабири кулли СММ зикр намуд, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо он  Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият рӯ ба рӯ гардид, кишвар дар татбиқи ҳадафҳо дар соҳаи рушд, аз ҷумла паст кардани сатҳи камбизотаӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист, дастраси ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, инчунин паст кардани сатҳи фавти модару кӯдак муваффақ шуд.

Аҳамияти нақши давлатро дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ зикр карда, ӯ зарурати иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занону ҷавонон, инчунин табақаҳои аз ҳама осебпазири ҷомеа дар ин равандро таъкид кард.

Emomali-Rahmon-i-Antoniu-Guterrish

12 июн Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш пас аз иштирок дар Ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” аз кӯли Сарез, ки яке аз манбаъҳои бузургтарини оби ошомиданӣ маҳсуб мешавад, дидан кард.

Зимни сафар ба кӯли Сарез маърӯза дар бораи ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳимияти истифодаи муштараки оби тозаи кӯл бо кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи ин ташаббус мушкилоти оби ошомиданиро барои миллионҳо сокинони Осиёи Марказӣ ҳал мекунад.

Антониу Гутерриш табиати нотакрори биҳиштосои Тоҷикистон – кӯҳҳои осмонбӯс, қуллаҳои барфпӯш ва оби тозаи ошомиданиро зикр кард. Вале, бо назардошти хатари обшавии пиряхҳо, Дабири кулли СММ ба зарурати андешидани чораҳои самаранок ва саривақтӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмиалӣ барои пешгирии тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳ карда, дар ин робита ба татбиқи ҳамаҷонибаи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим даъват намуд.

Зимни сафари худ Антониу Гутерриш бори дигар кишварҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки муборизаро бар зидди тағйиёрбии иқлим тақвият бахшанд. Ба гуфтаи ӯ, инсоният дигар ҳаққи аз даст додани фурсат надорад. Бар асари обшавии пиряхҳо кӯли зебоманзари Сарез метавонад боиси ҳодисаи табии фалокатбор гардад, зеро дар сурати канда шудани он ҳаҷми калони об метавонад ҳудуди зиёдро зери об кунад.

Шоми худи ҳамон рӯз мулоқоти Антониу Гутерриш бо намояндагони 14 ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар баргузор градид, ки зимни он Дабири кулл ба онҳо дар бораи натиҷаҳои сафараш ба Тоҷикистон маълумот дод. Зикр гардид, ки зимни сафар бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра масъалаҳо, аз ҷумла Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, об ва энергетика, вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва зарурати ҳамкорӣ байни кишварҳои минтақа баррасӣ гардиданд.

Намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, амсоли «Маркази ҳуқуқҳои инсон», «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ», «Флагман», «Ҳамсол ба ҳамсол», «Бюрои ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва вобастагии он ба вазъи иқтисодӣ дар кишвар, пешгирии табъиз нисбати занон, маблағгузории ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, масоили ҳифзи муҳити зист, пешгирии ВИЧ/СПИД ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳалли мушкилоти гурезагон ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо изҳори ақида намуданд.

Зимни муҳокимаҳо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибха Мехта изҳор дошт, ки тасмим дорад минбаъд бо намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дар кишвар барои фаъолияти муштарак ба манфиати Тоҷикистон вохӯриву ҷаласаҳои  мунтазам баргузор намояд.

 

Июнь 22, 2017 19:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқот намуд
Дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳамоиши «Рӯдакӣ ва пайвандҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон» баргузор гардид
Раиси иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси Душанбе даъват шуд
Масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳон бо намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Ҷаласаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид
Дар Душанбе бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 брифинг доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд
Дар Женева татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея рақамикунонии омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои миёна табодули таҷриба менамоянд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар самти об ва иқлим баррасӣ шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири экология ва захираҳои табиии Озарбойҷон мулоқот анҷом дод