Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Эрон доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии навбатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон- Фаррух Шарифзода ва Маҷид Тахтравончӣ роҳбарӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, раванди татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада дар сатҳи олӣ, инчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Музокирот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд






