Дар Боку ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

Ноябрь 25, 2025 09:31

ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муносибати ҷашнҳои давлатии мамлакат – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти  олии шаҳри Боку ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, зимни ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоботи умумихалқӣ 16 ноябри соли 1994  нахустин маротиба  ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд намуда, дар ин мақом дар бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи мамлакат ва ба сатҳи баланд баровардани эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми беандоза гузоштанд.

Ҳамчунин бо иқдоми Сарвари давлат барои эҳёи рукнҳои давлатдории миллии тоҷикон 16 ноябри соли 1994 бо қарори Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ тасдиқ ва қабул гардид. Ба хотири арҷгузорӣ ба ин рамзи истиқлолияти давлатӣ аз соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ба ҳайси Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Сафири Тоҷикистон кормандони Сафорат ва донишҷӯёни тоҷикро  даъват намуд, ки бо меҳнати содиқона ва таҳсили муваффақона доимо парчамбардори Ватан бошанд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

Ноябрь 25, 2025 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд