Баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар Қӯрғонтеппа
ҚӮРҒОНТЕППА, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар» /. Пагоҳ, 29 июни соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор мегардад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар иҷлосия рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 14 октябри соли 2010 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 ва «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ карор мегирад.
Инчунин ҳисоботи сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2016-2018 шунида мешавад.
Ҳамчунин ба вакилон Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист ҳисоботи худро пешниҳод хоҳад кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






