Дӯсти содиқи Тоҷикистон Манфред Лоренс дар Берлин аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 24.06.2017./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 23 июн дар қабристони Панкофи пойтахти Ҷумҳурии Федеролии Олмон-шаҳри Берлин маросими дафни профессори Донишгоҳи Берлин ба номи В. Гумболд, олими шарқшиноси маъруф, дӯсти содиқи Тоҷикистон ва мардуми тоҷик Манфред Лоренс баргузор гардид. Ӯ 25 май ин оламро тарк кард. Чанд рӯз қабл аз марг ӯ бо шикояти дарди ҷигар дар яке аз беморхонаҳои Берлин бистарӣ шуда буд, вале мутаассифона духтурон натавонистанд ба дарди ӯ чора кунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд.
Дар маросими дафни олим наздикону пайвандон, ҳамкасбон, намояндагони илм, адабиёт ва фарҳанг иштирок намуданд. Дар ин маросим Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов иштирок намуда, ба фарзанди марҳум номаи тасаллият супорид ва дар сари қабри шодравон гулчанбар гузошт.
Профессор Лоренс дар Ғарб яке аз шарқшинос-эроншиноси маъруфтарин ба ҳисоб рафта, яке аз донишварони забон ва адабиёти тоҷикӣ буд. Ӯ солҳои 70-80-ум мулоқотҳои расмии сатҳи олӣ миёни роҳбарони ҶДО-ро бо сарони Эрон ва Афғонистон тарҷума намудааст.
Бори аввал Манфред Лоренс соли 1975 ба Тоҷикистон омадааст ва то имрӯз ӯро дӯстии қавӣ бо кишвари мо ба ҳам мепайвандад. Ӯ муаллифи як қатор китобҳои дарсӣ доир ба забоншиносӣ мебошад, ки аз онҳо чандин донишҷӯёни Донишгоҳи Берлин ба номи В. Гумболд забонҳои тоҷикӣ, форсӣ ва ғайраро омӯхтаанд. То солҳои охир профессор Лоренс ба Тоҷикистон ташриф меовард ва инҷо дар миёни зиёиён дӯстони наздики бисёр дорад.
Соли 2011 дар ҷараёни сафари расмии худ дар Берлин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Манфред Лоренс барои саҳми арзандааш ба таҳкими дӯстӣ миёни кишварҳо ва халқҳоямон ордени «Дӯсти» тақдим намуданд.
Ба хешону пайвандон ва тамоми дӯстони профессора Лоренс дар Тоҷикистон изҳори тасаллият менамоем.











НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






