Дар Душанбе калонтарин дар мамлакат аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифода қарор дода шуд

Июнь 20, 2017 09:37

ДУШАНБЕ, 20.06.2017 /АМИТ Ховар/. Ба истиқболи ҷашни 20 — солагии Ваҳдати миллӣ  дирӯз, 19 июн,  бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт  маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» — калонтарин дар ҷумҳурӣ  аквапарк ё худ парки обӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Сохтмони аквапарк дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони 20 000 метри мураббаъ моҳи феврали соли 2016 шурӯъ гардида, намунаи муосиру беҳамтои маҷмааи истироҳативу фароғатӣ маҳсуб меёбад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, маркази мазкур аз маҷмааҳои истироҳатӣ, ҳафт ҳавз — шиноварию ландшафтӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун, 14 адад аттраксионҳои беназири обӣ барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушӣ дар об иборат буда, бо харҷи 63 миллиону 628 ҳазору 532 сомонӣ бунёд гардидааст. Он дар як вақт ба беш аз 300 нафар мизоҷон хизмат мерасонад.

Сохтмони Аквапарки Душанберо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сохтмони махсус» дар ҳамкорӣ бо ширкати италиявии «Престон ва Барбиери» («Preston & Barbieri»)  дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд ва дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расондаанд.

АКВАПАРК 1

Дар марказ барои истироҳати оилавӣ гӯшаҳои махсуси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири обӣ созмон дода шудааст. Бояд махсус таъкид намуд, ки қисме аз аттраксионҳои марказ намунаи навтарини таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ буда, бори аввал дар Душанбе мавриди истифода қарор дода мешаванд. Маркази истироҳатӣ бо тамоми иншооти ёрирасон, аз ҷумла бинои маъмурӣ, утоқҳои тиббиву табобатӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, ошхона барои хизматрасонӣ ба истироҳаткунандагон бо 30 ҷойи нишаст ва дигар иморату иншооти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Оби марказ зери назари мутахассисону табибон қарор дошта, пайваста бо воситаҳои кимиёвӣ поккорӣ мешавад.

Раиси шаҳр бо иншоот ва шароити мавҷудаи истироҳату фароғат дар аквапарк аз наздик шинос шуда, барои ташкили хизматрасонии сифатан хубу муосир ба мардум  ва ба макони воқеии истироҳату фароғати шавҳрвандон табдил додани он ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Шодию нишоти кӯдакону наврасонро аз ифтитоҳи ин маркази обии бозию дилхушӣ ҳадду канор набуд. Дарвоқеъ аквапарк бо тарҳи хеле зебову назаррабо ва бо завқу салиқаи баланд сохтаву таҷҳонизида шудааст.

Чунон ки иттилоъ доданд, дар он  беш аз 100 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши баланд таъмин хоҳанд шуд.

Дар ҷараёни боздид аз маркази нави истироҳатӣ Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  таъкид кард, ки тайи   солҳои охир дар пойтахти кишвар иншооти зиёди фарҳангию фароғатӣ бунёд гардида,  ба макони асосии сайру истироҳат ва фароғати сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст ва дарвоқеъ  ифтитоҳи ҳамин қабил иншооти истироҳативу фароғатӣ ба симои пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшида, барои тарбияи зебоишиносии кӯдакону наврасон, бо варзиш бештар машғул шудани ҷавонон ва истироҳату фароғати калонсолону меҳмонони пойтахт ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Раиси шаҳр изҳори итминон кард, ки бо бунёди чунин марказҳои фароғативу биноҳои варзишӣ, шумораи ҷавонони варзишгар зиёд шуда, садҳо нафар шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд.

Аквапарк

 

Июнь 20, 2017 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд