Дар ноҳияи Данғара даври дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2017 /АМИТ«Ховар»/ Дар ноҳияи Данғара маросими ифтитоҳи даври дуюми «Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ» бахшида ба 20-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон баргузор гардид.
Зимни кушодашавии Фестивал муовини Раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иштирокдоронро табрик гуфта, таъкид дошт, ки Кумитаи тадорукоти Фестивал бо баргузор намудани чунин ҳамоиш дар эҳёву арҷгузорӣ ба намудҳои миллии варзишӣ саҳми сазовор гузоштанд.
Сараввал бозиҳои намоишӣ, аз қабили чавгонбозӣ, камандкашӣ, камонварӣ, найзазанӣ, шамшербозӣ, шатранҷбозӣ, арғунчакбозӣ, чилликдангалбозӣ, буҷулбозӣ, намудҳои варзиши сабук, гимнастика, дорбозӣ, гулӯлапартоӣ, сангбардорӣ ва гӯштингирӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Зимнан гуфта шуд, ки дар баробари иштирокдорон зиёда аз ду ҳазор мухлисону ҳаводорони бозиҳои миллии варзишӣ баргузории ин ҳамоиши пуршукӯҳро тамошо карда, ҳар яки онҳо ба варзиши дӯстдоштаи хеш мухлисӣ намуданд.
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар ду марҳала- рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ доир карда мешавад.
Дар доираи Фестивал мусобиқаи гӯштини миллӣ байни ҷавонон аз рӯи вазнҳои 60, 80 ва 100 кг баргузор гардида, ғолибон бо диплому медалҳо сарфароз гардонида шуданд.
Даври дуюми Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ то 27 июн аз рўи намудҳои зикргардида дар сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ баргузор карда мешавад.








Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






