Дар сарҳади давлатӣ миқдори калони маводи нашъаовар мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ҳудуди яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ доданд, қочоқчиёни мусаллаҳи афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ ва сарҳадбонон додани фармон оид ба таслим шудан, қочоқчиён муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд, ки дар натиҷа миёни қочоқчиён ва гурӯҳи оперативии таъсисдодашуда тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар рафти тирпарронии шадид гурӯҳи қочоқчиён ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд.
Инчунин зикр гардид, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса кормандони фаврӣ дар ҷои ҳодиса дар ду борхалта 24 килограмму 685 грамм бангдона дарёфт намуданд.
Тафтишоти пешакӣ муайян кард, ки гурӯҳи қочоқбаронро шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амон валади Маҷид, истиқоматкунандаи вулусволии Дашти Қалъаи вилояти Тахор роҳбарӣ намудааст.








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






