Дастаи «Истиқлол» бо пурқувваттарин дастаҳои минтақаи Уқёнус қувваозмоӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 07.06.2017 /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз дар пойтахти Малайзия- шаҳри Куала Лумпур маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дар марҳилаи нимфиналии минтақавӣ баргузор шуд. Ҳарифони чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол» ғолиби ҷуфти минтақаи Уқёнус- дастаи «Хоум Юнайтед»-и Сингапур ва «Серес»-и Филиппин хоҳанд буд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол» бозии аввалини даври нимфиналиро дар майдони худ баргузор мекунад. Бозиҳои аввали мусобиқаи мазкур рӯзҳои 22-23-юми август ва бозиҳои ҷавобӣ 12-13-уми сентябри соли равон баргузор мешаванд.
Бояд зикр кард, ки пеш аз оғози қуръакашӣ қаҳрамони Тоҷикистон-дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои пирӯзӣ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар минтақаи марказ бо сертификати махсус қадрдонӣ шуд. Ба ҷуз дастаи «Истиқлол» ҳамчунин ғолибони дигар дар мусобиқаи мазкур ва Лигаи чемпионҳои Осиё Диплом ва Ифтихорномаи котиби генералии КФО Дато Виндзора Ҷонро дарёфт карданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






