Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Рамазон на танҳо моҳи тоату ибодат, балки фурсати хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандии ниёзмандон низ ҳаст»

Июнь 8, 2017 07:57

ДУШАНБЕ, 08.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Фазои озоди кору зиндагӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ барои такомули фарҳанги миллӣ ва эҳёи ҷашну маросимҳои динию мазҳабии кишвари азизи мо шароити мусоид муҳайё намуд. Бояд эътироф кард, ки соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давла­тӣ ба хотири муаррифии шоистаи нуфузи байналмилалии ҷумҳурӣ дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ зоҳир намудани назокати моҳиро­наро тақо­зо мена­мояд. Дар сиёсати фарҳангсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҷашну маросимҳои миллию динӣ ва нишон додани аҳамияти тарбиявию ахлоқии онҳо ҳамеша ҷойгоҳи махсус дорад. Ҷавҳа­ри мантиқии ин сиёсат аз он иборат аст, ки тамоми шаҳрвандони мамла­кат дар рафтори фарҳангӣ, пешбурди роҳи зиндагӣ ва иҷрои муқарраро­ти динию маҳзабӣ ба урфу одат ва суннатҳои мардумии тоҷикон барта­ри­ят диҳанд ва аз тақлиди кўр-кўрона, худна­моӣ, шуҳратпарастӣ ва ноого­ҳо­на пайравӣ кардан ба меъёрҳои фарҳан­гию эътиқодии дигарон дурӣ ҷўянд.

Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии комил моро водор мена­мояд, ки дар муносибат ба ин қабил муқаррароти динию эътиқодӣ ниҳоят эҳтиёткор бошем. Дар Варорўди бостонӣ, ки илму маърифати мусулмонӣ дар пояи қудсияти забони тоҷикӣ ташаккул ёфта буд, ду тақвим – тақвими деҳқонӣ, ки дар асоси тақвими хуршедии наврўзӣ амал мекард, ва тақвими имонӣ, ки дар асоси тақвими ҳиҷрии қамарӣ амал мекард, баробар истифода бурда мешуд. Дар байни рўҳонияти саршинос ва пирони рўзгордидаи миллати тоҷик ҳанўз ин анъанаву рафтор бо тамоми ҷузъиёти мардумсолорӣ бардавому побарҷо ҳифз шудааст. Аз ин лиҳоз, сиёсати  миллатдўстонаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҷумҳурӣ дуруст анҷом додани фароизи диниро низ ба эътибор мегирад.

Вазъияти зуд тағйирёбандаи олами ноором тақозо менамояд, ки эҳёи дастовардҳои хуби ниёгони пурифтихор ва пазируфтани навгониҳо дар фазои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар доираи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, адлу инсоф, ақлу мантиқ ва идроку ҳушёрӣ ба вуқўъ пайвандад. Садоқат ба халқу Ватан, афзун наму­дани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллию фарҳангӣ ва осебнопазирии ваҳдати миллӣ аз ҳар фар­ди бонангу номус    некў анҷом додани вазифаҳои хидматии худро нисбат ба обу хоки муқаддас, сарзамини аҷдодӣ ва суннатҳои мондагори он тақозо менамояд.

Олимону фақеҳони ҳанафимазҳаб дар қаламрави давлати Сомони­ён тамоми рукнҳои дини исломро ба анъанаҳои миллию фарҳангии худ мўшикофона мутобиқ намуда буданд. Ҳамин буд, ки фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва баргузории маросимҳои марбут ба он дар мат­ни фарҳанги тоҷиктаборон ҳамчун ҷузъи таркибии анъанаҳои умуми­мил­лӣ ҷойгоҳи муносиб пайдо кард ва дар таҳкими ахлоқу маънавиёти ҷомеа таъсиргузор гардид. Воқеан, фазилатҳои наҷиби моҳи шарифи Рамазон ба зарурати ҳамкорию ҳамбастагӣ дар ҷомеа, тарбияи баланди ахлоқии насли ҷавон дар рўҳияи ватандўстию худшиносӣ ва тақвою шикаста­нафсӣ, фурўтанию таҳаммулпазирӣ, даст­ги­рию ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон ва шахсони бепарастору оила­ҳои камбизоат  таъкид менамоянд. Зеро ваҳдати гуфтору кирдор, боти­ну зоҳир ва бовару имон ҷавҳари хирадмеҳварӣ ва инсонпарварии фаризаи рўзадорӣ ба ҳисоб меравад.

Аз дуриҳои дури фарҳанги мусулмонойини тоҷикон дар зершуури мардуми мо фарҳанги рўзадорӣ бо чандин фазилат,     покизагӣ, баракат ва фазои рўҳонияти   сахт нақш бастааст. Дар мафкураву ҷаҳонбинии бобову падарони мо бар пояи мазмуни ривоятҳои мавҷуда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва китобҳои шарҳу тафсир доир ба фаризаи рўзаи моҳи шарифи Рамазон як идда тасаввуроти қудсӣ ҷойгузин шуда буд, аз ҷумла:

а) фарз гардидани рўзаро дар моҳи шарифи Рамазон мусулмо­нон барои худ неъмати бузурги илоҳӣ мешуморанд, зеро Рамазон моҳи махсусест, ки дар он Худованд Қуръонро ба Пайғамбари ислом (с) нозил кардааст. Тафсири илмӣ-диншиносии ин воқеият дар фарҳанги асримиёнагии мо бад-ин минвол баён гардидааст: Қуръон маҳз дар моҳи Рамазон ба тамомӣ аз Лавҳи Маҳфуз ба Байтулиззати осмони дунё нозил шудааст. Сипас, Ҷабраил онро порча-порча вобаста ба амру наҳй, ҳукму фатво ва пурсишу посух дар муддати 23 сол ба Пайғамбар (с) аз тариқи ваҳй расонидааст. Ҳамин омезиши арзишҳои устурашакли осмонию заминӣ барои моҳи Рамазон ҷойгоҳи барозандаи эътиқодӣ устувор кардааст;

б)   ҳикмати рўзадорӣ дар моҳи Рамазон  баробарии иҷтимоие бунёд мекард, зеро худдорӣ кардан аз хўрдану ошо­ми­дан барои дорою нодор ва тавонманду ниёзманд ҳукми яксон дошт ва ҳамин маҳдудияти умумӣ ногузир силаи раҳм ва меҳрубониро афзун мекард;

д) мардум аз рўйи фаҳмишу ҷаҳонбинии худ мазмуни ҳадиси қуд­сии зеринро “Худо гуфтааст: “Ҳама амалҳои фарзанди Одам барои худаш аст – ба ғайр аз рўза, ки барои Ман аст ва подоши онро Ман медиҳам” дар умқи ҷисму ҷони худ ҷой карда буданд. Ва ҳамин бовар, ки рўзадор коре анҷом медиҳад мақбул ва писанди Худованд, ба ў неруи ҷисмонию маънавии бузург мебахшид.

Сазовори гуфтан аст, ки тамоми ҷузъиёти рўзадории му­сул­­монон – намози таровеҳ, имсоку ифтор, садақаи Фитр, маҳдудияту афзалиятҳои рўза доштан ва рўза хўрдан ҳам тадриҷан ҳангоми зинда будани Пайғамбар (с) ва замо­ни ҳукмронии хулафои рошидин ҳамчун як рукни панҷгонаи ислом аз нигоҳи меъёрҳои имонию эътиқодӣ ва фиқҳию ақидатӣ тако­му­ли ниҳоӣ пайдо кард. Қудсияти моҳи Рамазон тақозо мекард, ки мардум аз анҷом додани ҳар гуна корҳое, ки баракати онро коста мегардонад, худдорӣ намоянд. Рамазон на танҳо моҳи тоату ибодат ва сабру таҳаммул дар адои фаризаи рўза, балки фурсати изҳори хайру баракат, саховат ва кумаку ёрмандии ниёзмандон низ ҳаст. Аз ин ҷиҳат, садақаи Фитрро яке аз васи­лаҳои муҳими дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ва эҷоди дўстию муҳаббат дар байни мусулмонон ҳисобидан мумкин аст. Садақаи Фитр соли дуюми ҳиҷрӣ дар баробари рўзаи моҳи Рамазон бар мусулмонон воҷиб гардид. Дар ҳадис омадааст, ки беҳтарини он «садақаест, ки дар моҳи Рамазон бошад». Аз ин рў, ҳар мусулмоне, ки тавоноии молӣ дошт, садақаи фитрашро ба хотири дастгирӣ ва кумак ба ятимону бенавоён ва фақирону бечорагон ихлос­ман­дона пеш аз намози ид адо мекард.

Яке аз фазилатҳои Рамазон дар он аст, ки мусулмо­нон дар ин моҳ намози таровеҳ мехонанд.   Дар иртибот ба тартиби адои намози таровеҳ барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ се чизро донистан муҳим аст: намози таровеҳ бо мақсади анҷом додани хатми Қуръон суннати мустаҳаб, аз ғайри анҷом додани хатми Қуръон бо замми сураҳои хурд адо кардани он суннати муаккада ва бо ҷамоат хондани он суннати кифоя дониста мешавад. Сабаби асосии бист ракъат будани намози таровеҳ дар он аст, ки матни Қуръони карим аз 30 пора ва 604 саҳифа иборат аст ва ҳаҷми як порае аз он тақрибан баробари 20 саҳифа ва ҳар саҳифае тақрибан шомили 10-11 оят аст, ки дар маҷмўъ дар сӣ рўз 6236 оятро фаро мегирад. Дар ҳар шаби намози таровеҳ як пора хонда мешавад, ки дар як моҳ 30 пораи комилро фаро мегирад ва хатми кулли Қуръон ба арвоҳи гузаштагон ба ҷо оварда мешавад. Шарти муҳими ҳозир шудан дар намози таровеҳ, ки ба хотири шод кардани арвоҳи гузаштагон барпо карда мешавад, он аст, ки намозгузор бо риояи фарҳанги баланди либоспўшӣ, одобу рафтор ва шакли зоҳирии мақбул бояд ба намоз ҳозир шавад, онро бо фурўтанию ахлоқи ҳамида анҷом диҳад ва ғизои баланди маънавӣ бардорад. Барои адои намози таровеҳ бо хатми Қуръон ҳар кас бояд аз рўйи имко­нияти вазъи саломатии худ иқдом намояд. Намози маъмулии таровеҳ бо замми сураҳои хурдҳаҷм нисбатан осонтар  барпо карда мешавад.

Аммо дар муҳити оила ё танҳо гузаронидани намози таровеҳ ба ҳамон фазои рўҳонӣ ва ваҳёнии ҳуҷраи Пайғамбари ислом (с) бастагӣ дорад. Дар муҳити фарҳангии тоҷикон истифодаи ин лаҳзаи муҳимро барои устувор намудани ниҳоди иҷтимоии оила авлотар шумурдаанд. Ҳамин буд, ки ҷузъиёти муҳими рўзадорӣ – ифтор ва таровеҳ дар байни тоҷикон эҳтирому қудсияти тамоман дигаргуна пайдо кард. Мафҳуми ифтор дар байни тоҷикон ду ифодаи маъноиро доро гашт:

якум: кушодани рўза ва тановули хўроки рамазонӣ;

дуюм: густурдани дастар­хони рамазонӣ ба хотири бо ҳам якҷоя нўши ҷон кардани зиёфати хоксо­ро­на дар ниҳояти покизагӣ ва истифодаи маводи тару тозаи парҳезӣ.

Ифтор ҳамчун мафҳуми фиқҳӣ ягон маърака, чорабинӣ ё дастархонороӣ набуда, балки кушодани рўза аз тариқи тановули таоми дастаҷамъӣ дар муҳити хонавода аст. Бо ҳам будан дар сари хўроки рамазонӣ барои тақвияти дӯстию бародарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва пайванди хешӣ, яъне силаи раҳм аҳамияти барҷаста дорад. Ҳоло пеш аз баргузор намудани зиёфати ифтор одамон хонаҳои худро ороставу пероста месозанд, тамоми хонаро ба тартиб дароварда, ҷойҳои заруриро таъмир мекунанд, бар он мекўшанд, ки дар хона ифлосӣ ва ҳеҷ чизи шубҳанок набошад.

Дар байни мардуми мо анъана шудааст, ки ҳангоми зиёфати ифтор шахсони аз ҳамдигар ранҷидаро оштӣ диҳанд. Ба ҳам омадан дар гирди як дастархон барои таҷрибаи калонсолонро андўхтани ҷавонон мусои­дат мекунад, одоби муошират, тановули таом, маҷмўи хизматра­сонӣ, риояи эҳтироми калонсол ва аз худ кардани одату анъанаҳои мардумӣ сайқал меёбад. Ҳатто касоне, ки шароити танг доранд, саъй мекунанд ақаллан боре як зиёфатаки хурди ифтор бо аҳли хонавода барпо кунанд.

Шахсоне, ки зиёфати ифтори калонтар баргузор мекунанд, ҳамеша як миқдор таомро ба шахсони бемори маҳалла ё деҳа, ҳамсояҳо ва ниёзмандон тақсим карда медиҳанд, зеро медонанд, ки чунин рафтор аҷру савоби бузург дорад.

Мардуми мо дар тўли солиёни дароз нагузоштаанд, ки хонаву манзилашон аз баракати намози таровеҳ ва замзамаи тасбеҳҳои малакутӣ бебаҳра монад. Аз ин рў, одат шуда буд, ки баъди анҷоми зиёфати ифтор намози таровеҳро дар хонаҳо адо намоянд. Омўзиши масъала нишон медиҳад, ки чунин рафтор хилофи омўзаҳои динию мазҳабӣ набуда, намози дастаҷамъӣ барои таҳкими ниҳоди оила ва муҳити солими хонаводагӣ аҳамияти равонӣ ва ҳам қуд­сия­ти рўҳонӣ дорад. Дар ин муҳит хурдсолон рафоқату бародарӣ, меҳмоннаво­зӣ, одобӣ динӣ ва муомилаи дурусти ҷамъиятиро аз худ мекунанд. Ҳоло қонунгузории амалкунанда имкон медиҳад, ки шаҳрван­дон дар ҳамоҳан­гӣ бо комиссияҳои доимӣ дар деҳаҳо ва маҳаллаҳое, ки аз масҷид дуранд, намози таровеҳро дар муҳити хонаводагӣ анҷом диҳанд.

Дар фазои иттилоотии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони муосир  ҳикмати додани садақаи Фитр ҷиҳати ба шахсони мустаҳақ расо­ни­дани он мушкилот ва нофаҳмиҳои зиёд дорад. Акнун вақти он расидааст, ки дар ҷаҳонбинии қишру табақаҳои гуногуни ҷомеа аз рўйи адлу инсоф ва мантиқи оддӣ дар ин масъала тадбирҳои маҳви бесаводӣ гузаронида шаванд. Тамоми фарди ҷомеа, ки мусулмон асту мўъҷиза будани Қуръони азимушшаънро эътироф мекунад, бояд сароҳатан бидонад, ки садақаи Фитр барои табақаҳои ниёз­манди мардум дода мешавад, чунончи дар ояти карима баён шудааст: «Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад  ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; (ва он) ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст» (Тавба, 9:60). Аз мазмуни ин ояти карима комилан равшан мешавад, ки додани садақа барои 8 гурўҳи одамон – фақирон, бенавоён, омилон (кормандон) барои ҷамъ кардани садақаҳо, касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон),  қарздорон, харҷ кардан дар роҳи Худо ва мусофирон муайян ва табақабандӣ шудааст.

Тибқи ҳукми собитшудаи ин оят муфассирон дар баёни ба гирифтани садақа ниёзманд будани ҳар як аз табақаи зикршуда тафсилоти возеҳу равшан додаанд. Дар «Тафсири Табарӣ», ки тамоми ахбори олимону фақеҳони се садаи аввали исломро дар бораи оятҳои Қуръон гирдоварӣ намудааст, вазъи иҷтимоии табақаҳои садақагиранда чунин шарҳ дода мешавад: 1. Фақир – шахси нодор ва камбизоат аст, валекин камбудии иҷтимоии худро ошкор намекунад. Ў дар фикри беҳтар намудани вазъи иқтисодиаш буда, барои беҳбудии худ аз касе чизе намепурсад; 2. Мискин каси сахт эҳтиёҷманде аст, ки аслан манзилу ҷой ва чизе надорад ва нодориашро ошкор карда, аз мардум ҳар чиз талаб мекунад; 3. Омилони садақа афроде ҳастанд, ки барои ҷамъ овардани садақаҳо аз ҷониби ҳокимону волиён масъул гардонида шудаанд. Ин маънои онро надорад, ки ў маблағи садақаро мувофиқи хоҳишу рағба­таш сарф намояд, балки аз ҳисоби маблағи садақа барои онҳо дастмузди муайян дода мешавад. Онҳоро ҷубот низ меноманд ва то инқи­ло­би болшевикӣ дар қаламрави Аморати Бухоро ва Бухорои Шарқӣ масъулони андоз­ро аз решаи ҳамин калима ҷебачӣ мегуфтанд; 4. Касони дилҳояшон улфатёфта (нав ислом овардагон) шахсоне мебошанд, ки онҳоро дар таъбири мардумии тоҷикон «Худо дар дилаш мусулмониро андохтааст» мегўянд. Аз рўйи таснифоти муфассирон ин табақа аз чанд қисмат иборатанд: касоне, ки мусулмон нестанд ва ба хотири нарм намудани таваҷҷуҳи онҳо додани садақа барояшон дуруст шумурда мешавад; ҳоло ба кишварҳои тоза исломоварда ҳам як қисмати садақа ҷудо карда мешавад; 5. Риқоб – бардагонеанд, ки барои озод шудан ба маблағ эҳтиёҷ доранд; 6. Ғорим —  шахсони қарздореанд, ки мубталои банду балое шудаанд ё ба сабаби ҳодисаҳои табиӣ, сўхтор ва селу боришот молу мулк ва дороия­шон­ро аз даст додаанд; 7. Дар роҳи Худо садақа кардан маънои онро дорад, ки як миқдор маблағ аз ин ҳисоб барои шахсоне ҷудо карда шавад, ки илму дониш меомўзанд;   инчунин барои анҷом додани тамоми корҳои некў, ба мисли такфин ва ба хок супурдани маййит, сохтани роҳу пулҳо, бино, корвонсарой ва қалъаҳо, хароҷоти ҳаҷҷи хешовандон ва мусулмонони арзандаи дигарро пардохт карданро кори дар роҳи Худо анҷомдода муқаррар кардаанд; 8. Ибни сабил мусофироне мебошанд, ки дар асл ба чизе эҳтиёҷ надоранд, вале бо сабаби дурӣ аз ҷойи истиқомати доимиашон барои масрафи ҳоҷатҳояшон ба маблағ (ба монанди дониш­ҷў­ёни дур аз ҷойи зисти доимӣ) ниёз доранд.

Дар асоси таҳлили боло ҳар садақадиҳандае, ки додани садақаашро ба рўҳониёни бонуфуз ва ходимони дин дуруст мешуморад, бояд бидо­над, ки чунин рафтори ў комилан мухолифи омўзаҳои Қуръону суннат аст ва ў дар риояи ҳикмати садақа, яъне дастгирӣ ва кўмак ба ниёзмандон аз нигоҳи имонию эътиқодӣ ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Боварӣ дорем, ки фарҳанги рўзадорӣ дар ислом аз нигоҳи равонию иҷтимоӣ дилҳоро мунаввар месозад.  Бошад ки анҷоми ин фариза дар байни мусулмонони ҷумҳурӣ боиси таҳкими бародарию баробарӣ ва ваҳдату ягонагӣ шавад ва эҳсоси якдилӣ  ва кӯмаку ғам­хо­рии ҳамдигариро афзун гардонад.

 

Файзулло БАРОТЗОДА,

Директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Июнь 8, 2017 07:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад