Франсия рӯзҳои наздик ба сохтмони манораи диспетчерӣ дар Душанбе оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 29.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 28 июни соли равон ҳайати иборат аз роҳбарият ва коршиносони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури анҷоми гуфтушунидҳо ҷиҳати бунёд ва таҷҳизонидани Манораи диспетчерии нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Париж сафар намуданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Франсия хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва умури Аврупо ва Вазорати молияи Франсия мулоқотҳо баргузор гашта, ҳайат бо таҷҳизоти истеҳсолшавандаи ширкати ‘THALES’ шиносоӣ пайдо карданд.
Дар рафти мулоқотҳо ҷониби Франсия бо изҳори миннатдорӣ аз ҳусни ҳамкорӣ ҳангоми будубоши қӯшунҳои ҳарбии ин кишвар дар Тоҷикистон дар доираи шарикӣ бо неруҳои байналмилалии амниятӣ дар Афғонистон таъкид намуд, ки Франсия дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар соҳаи авиатсияи Тоҷикистон пайгирона саҳм хоҳад гузошт ва мисоли равшани ин ҳамкорӣ бунёди Терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мебошад.
Дар робита ба манораи диспетчерӣ ҷониби Франсия омодагии худро ҷиҳати шурӯи сохтмони бинои манора баён намуда, дар фурсатҳои наздик ба Душанбе гурӯҳи коршиносонро барои анҷоми корҳои муқаддамотӣ мефиристад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






